islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Оғози соли нав


4453
Дарс Тавсифи
Рӯзҳо яке паси дигаре мегузарад ва солҳо яке пас аз дигаре. Бархе аз мардум ба Аллоҳи мутаъол наздиктар мешаванд ва бархе аз онон аз Аллоҳи мутаъол дуртар мегарданд ва ҳар соле, ки мегузарад, шоҳиде ба нафъи инсон ё бар зарари ӯст. Оқил касест, ки умрашро ғанимат шумурда ва аз вақташ дар роҳи ризои Аллоҳи мутаъол ва корҳои манфиъатдор барои дину ҷомеъааш, истифода намояд.

Худоҳофизӣ бо соли сипаришуда ва таёрӣ барои соли ҷадид.

Мустаҳкам намудани робита бо Аллоҳ дар ҳаракоту саканот, дар соли ҷадид.

Ташвиқи мардум барои истеҳсол ва амал.

Хутбаи аввал

الحمد لله المحول الأحوال ومقدر الأقدار ومدبر الليل والنهار الذي قال ( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَلْتَنْظُرْ نَفْسٌ مَا قَدَّمَتْ لِغَدٍ وَاتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ 18 ) [الحشر: 18]

وأصلي وأسلم علي المصطفى المختار وعلى آله وصحبه الأبرار أما بعد :

Тақво, васияти Аллоҳи мутаъол аст, барои гузаштагону ояндагон, он ҷо, ки мефармояд:

( وَلَقَدْ وَصَّيْنَا الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ مِنْ قَبْلِكُمْ وَإِيَّاكُمْ أَنِ اتَّقُوا اللَّهَ ) [النساء: 131]

«Мо ба касоне, ки пеш аз шумо ба онон китоб дода шуд ва (низ) ба шумо, супориш кардам, ки аз Аллоҳ битарсед».

Аз гузари рӯзҳо ва шабҳо ва дар пайи ҳам рафтани солҳо, ибрат гиред, ки ҳар гоме инсонро ба поён ва гузари ҳар рӯз, ӯро ба интиҳо наздик месозад.

Мӯминони гиромӣ! Аллоҳи мутаъол дар мавриди сол мефармояд:

( إِنَّ عِدَّةَ الشُّهُورِ عِنْدَ اللَّهِ اثْنَا عَشَرَ شَهْرًا فِي كِتَابِ اللَّهِ يَوْمَ خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ مِنْهَا أَرْبَعَةٌ حُرُمٌ ذَلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ فَلَا تَظْلِمُوا فِيهِنَّ أَنْفُسَكُمْ وَقَاتِلُوا الْمُشْرِكِينَ كَافَّةً كَمَا يُقَاتِلُونَكُمْ كَافَّةً وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ مَعَ الْمُتَّقِينَ 36 ) [التوبة: 36]

«Дар ҳақиқат теъдоди моҳҳо назди Аллоҳ аз рӯзе, ки осмонҳо ва заминро офарида, дар китоби Аллоҳ дувоздаҳ моҳ аст, аз ин (дувоздаҳ моҳ), чаҳор моҳи ҳаром аст. Инаст ойини устувор, пас дар ин (чаҳор моҳ) бар худ ситам накунед ва ҳамагӣ бо мушрикон биҷангед, чуноне, ки онон ҳамагӣ бо шумо меҷанганд ва бидонед, ки Аллоҳ бо парҳезгорон аст».

Ин моҳҳои қамарист, ки теъдоди он 12 моҳ аст, ки чаҳор моҳи он ҳаром аст ва Аллоҳ аз ин, ки дар ин чаҳор моҳ ба худ ситам кунем, моро барҳазар доштааст ва инсон ҳар гуноҳе, ки анҷом диҳад, дар воқеъ ба худ ситам варзидааст, ки ҳадиси Абӯбакр (р) аз Расули Аллоҳ (с) онро чунин тафсир мекунад: «Замона ба монанди рӯзе, ки Аллоҳ осмонҳо ва заминро офарида, чархидааст: сол дувоздаҳ моҳ аст, ки чаҳор моҳи он ҳароманд, се моҳи пушти сар ҳам аст: Зулқаъда, Зулҳиҷҷа, Муҳаррам ва Раҷаб, ки миёни Ҷимодуссонӣ ва Шаъбон, қарор дорад...». Сипас фармуданд: «Акнун чӣ моҳест? Гуфтам: Аллоҳ ва Расулаш донотаранд, сипас сукут намуда, то он, ки фикр кардем, ба исми дигаре онро ном хоҳад бурд, пас фармуд: «Оё ин моҳи Зулҳиҷҷа нест? Гуфтем: бале! Фармуд: «Имрӯз чи рӯзест? Гуфтем: Аллоҳ ва Расулаш донотаранд! Сипас сукут намуд, то ин, ки фикр кардем, ба исми дигар онро ном хоҳад бурд, фармуд: «Оё имрӯз рӯзи Наҳр нест? Гуфтем: Оре!, фармуд: «Пас бидонед, ки хунҳо ва молҳо ва номусҳои шумо ба монанди ҳурмати ин рӯзатон дар ин сарзамин дар ин моҳатон бар шумо ҳаром аст ва ба зӯдӣ ба дидори Парвардигоратон хоҳед шитофт ва ӯ аз аъмолатон суол хоҳад кард... пас баъд аз ман ба куфр боз нагардед, ки гардани якдигарро бизанед... огоҳ бошед! (ин паёмро) ба ғоиб бирасонед, ки чӣ басо бархе аз ононе, ки ғоибанд ва ин паём ба онҳо мерасад, аз бархе аз онон, ки ҳозиранд, беҳтари онро бидонанд...». сипас фармуданд: «Оё (ин паёмро) расонидам? (Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Эй мусалмон! Инаст паёми Расули Аллоҳ (с) дар ҳаҷҷатулвидоъ, ки бо он бо ин сол ва бо мардум, видоъ гуфт...

Ва мо низ дар ин рӯзҳо вориди соли нав ва ҷадид мешавем, пас ба улгӯ ва усваи хеш, Муҳаммади Мустафо (с) иқтидо намуда ва имони худро таҷдид ва нав кунем ва якдигарро тавсия ба тақвои Илоҳӣ ва тавбаву бозгашти муҷаддад ба сӯи вай фарохонем.

Расули Акрам (с) 1400 сол пеш, дар оғози охирин соли зиндагии пурбаракаташ, наздик ба Каъба истод, то ҳуқуқи башарро поягузорӣ кунад ва мабодии адолат ва мизони ҳақро пойор кунад ва ҳамаи анвоъи зулму ситамро дар ақида ва рафтору андеша ва арзишҳову ибодот ва муъомалот, лағв намояд, то ҷонҳоро муҳтарам эълон карда ва риборо ҳаром кунад ва ҳуқуқи занонро собит намояд.

Хитобае, ки ҷаҳон то он рӯз нашунида буд ва то кунун пажвоки (садои) он аз пушти қарнҳо ба гӯш мерасад... Расули Аллоҳ (с) медонист, ки поёни зиндагияш наздик аст ва уммате, ки бино намудааст, дар замин реша давонда ва худро дар таърих сабт намуда ва садои азон ба ҳама ҷо расидааст ва ҷамоъатҳои намоз бар чаҳорсӯи замон, мунташир шуда, ки аҳли он ҳама рӯза пеш аз тулӯъи хуршед ва пас аз он ва ҳангоми он ва ҳангоми заволи офтоб ва пеш аз шом, ба ҳам мерасанд ва ононе, ки ӯ тарбият кардааст, ин нурро ба дигар нуқоти замин хоҳанд расонд... ин насле, ки Расули Акрам (с) ононро тарбият намуд, ҷӯзъе аз рисолате буданд, ки ӯ адо намуд ва мо гувоҳӣ медиҳем, ки ӯ ба дурустӣ ин рисолатро ба анҷом росонид.

Ва барои ҳамин буд, ки ӯ сухан мегуфт ва дар ҳамон ҳол низ бо уммати хеш видоъ менамуд ва дар торупӯди суханони гуҳарборашон, хайрхоҳӣ ва муҳаббату ихлос медурахшид... чӣ бо арзишаст ин васият ва дорои чӣ асари баландмуддатест, дар таърих, барои касоне, ки биандешанд ва барои ҳамин аст, ки дар поёни ин хитобаи Набавӣ чунин омада, ки «Огоҳ бошед, ҳозирон ба ғойбон бирасонанд...».

Ва Асҳоби Расули Акрам (с) ба беҳтарин ваҷҳ ин амонатро идома намуданд ва Аллоҳ аз ҳамаи онон розӣ ва хушнӯд буд.

Эй мусалмонон! Ин васиятҳое, ки Расули Акрам (с) дар виҷдони мардум ҷой гузошт, дарбаргирандаи қазияҳои фалсафӣ ва ё назарияҳои хаёлӣ нест... инҳо мабодӣ ва усуле аст, ки дар калимоти андак ва осон, ҷой гирифта ва доройи ҳақоиқест, ки дунё барои саъодат ва ҳидоят, бар онон ниёзманд аст ва бо ҳамаи ихтисори худ, роҳнамотар ва корбурдтар аз тамоми асосномаҳои байналмиллалӣ аст.

Ва ин аз онҷост, ки гӯяндаи он, қалби пур аз муҳаббат ба мардум ва меҳрубонӣ нисбат ба онон дошт ва нисбат ба васф намудани мардум ба Аллоҳ ва омода сохтани онон барои лиқои Аллоҳ бисёр ҳарис буд ва ба ин яқин дошт, ки зиндагии саҳеҳ бо дурӣ аз Холиқ ва Маъбуди якто ва ваҳйи вай, мумкин нест.

Мӯминони намозгузорон! Дар ин ояти карима ва ҳадисе, ки акнун зикр шуд, Аллоҳи мутаъол бо расотарин ва мухтасартарин иборот, инсонҳоро аз зулму ситам барҳазар дошта ва Расули Аллоҳ (с) ба усули масоил, ишора намудааст, зеро ӯ усули ҷовидон ва қоидаҳои пойдорро, тақрир менамояд.

Ситам офатест, ки фитрати инсон ва нусуси ваҳй бар бадии он ва накӯҳишӣ анҷомдиҳандаи он, иттифоқ доранд, аммо гоҳ ин инҳироф бархе аз мардумро дучори худхоҳӣ мекунад:

( أَفَمَنْ زُيِّنَ لَهُ سُوءُ عَمَلِهِ فَرَآَهُ حَسَنًا فَإِنَّ اللَّهَ يُضِلُّ مَنْ يَشَاءُ وَيَهْدِي مَنْ يَشَاءُ ) [فاطر: 8]

«Оё он кас, ки зиштии кирдораш барои ӯ ороста шуда ва онро зебо мебинад (ба монанди мӯминони солеҳ аст?), ин Аллоҳ аст, ки ҳар киро бихоҳад ба гумроҳӣ кашонида ва ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад».

Эй мусалмонон! Зиштарин ситамҳо, ширк ба Аллоҳи мутаъол аст. Луқмон ба фарзандаш чунин мегӯяд, ки:

( وَإِذْ قَالَ لُقْمَانُ لِابْنِهِ وَهُوَ يَعِظُهُ يَا بُنَيَّ لَا تُشْرِكْ بِاللَّهِ إِنَّ الشِّرْكَ لَظُلْمٌ عَظِيمٌ 13 ) [لقمان: 13]

"Ва ба ёд ор ҳангоме, ки Луқмон ба фарзандаш гуфт: эй фарзандам! Ба Аллоҳ ширк наварз, ки ширк ситамест бас бузург".

Ва дар сураи Моида чунин омада аст, ки:

( إِنَّهُ مَنْ يُشْرِكْ بِاللَّهِ فَقَدْ حَرَّمَ اللَّهُ عَلَيْهِ الْجَنَّةَ وَمَأْوَاهُ النَّارُ وَمَا لِلظَّالِمِينَ مِنْ أَنْصَارٍ 72 ) [المائدة: 72]

«Ҳамоно он, ки ба Аллоҳ ширк варзад, Аллоҳ биҳиштро бар ӯ ҳаром карда ва ҷойгоҳаш оташи ҷаҳаннам аст ва ситамгарон ёваре надоранд».

Ва ин барои онаст, ки Аллоҳи мутаъол, ҳамон офаридагори рӯзидиҳандаест, ки моро аз нестӣ ба вуҷуд оварда ва неъмат додааст ва ҳар чӣ дар ин ҷаҳон аст, дар пешгоҳи ӯ хозеъ аст ва фазле ба ӯ бармегардад... ӯ Парвардигор аст ва мо бандагони ӯ ва ӯст, ки ҳар чӣ бихоҳад мекунад... моро барои ибодати худ офарид, пас чӣ гуна ғайр аз ӯ ибодат шавад? ва моро ба бандагии худ, фармон дода, пас чӣ гуна барои банда шоиста аст, бар ӯ шурида ва аз дастӯри оқо ва сарвараш, сарпечӣ кунад?

Таҷдиди замон ва гузари солҳо, ёдовари инаст, ки инсон вазъияти робитаи худро бо Аллоҳ мавриди баррасӣ қарор дода ва имон ва ақида ва аъмолу андешаи худро бисанҷад, зеро у дар ҳоли сайр ба Аллоҳи мутаъол ҳаст ва ба зӯдӣ дар баробари Парвардигор ба ҳисобу китоб, хоҳад истод ва номаи амале, ки ҳеҷ кӯчаку бузургро, раҳо нахоҳад кард, баррасӣ хоҳад шуд:

( يَا أَيُّهَا الْإِنْسَانُ إِنَّكَ كَادِحٌ إِلَى رَبِّكَ كَدْحًا فَمُلَاقِيهِ 6 ) [الإنشقاق: 6]

«Эй инсон! Ҳаққан, ки ту ба сӯи Парвардигори худ, ба сахтӣ дар талоши ва ӯро мулоқот хоҳӣ кард».

Эй мусалмон! Ҳамчунин аз ситамҳое, ки шахс дар ҳаққи худ анҷом медиҳад, анҷом додани гуноҳон ва саҳлангорӣ дар анҷоми воҷибот аст, ки ҳар ки ба ин олӯда шавад, дар воқеъ ба худ ситам варзида, зеро худро ба сӯи оташ кашонда ва дар маърази хашми Аллоҳ, қарор додааст ва агар гуноҳаш бидуни он, ки касе дар баробари он биистад ва бидуни он, ки касе дар садади ислоҳи он барояд, дар ҷомеъа мунташир гардад, бало ва азоби Илоҳӣ ҳамаро фаро хоҳад гирифт ва ин суннати Илоҳӣ дар мавриди умматҳо ва ҳукуматҳо возеҳ ва маълум аст:

( وَكَذَلِكَ أَخْذُ رَبِّكَ إِذَا أَخَذَ الْقُرَى وَهِيَ ظَالِمَةٌ إِنَّ أَخْذَهُ أَلِيمٌ شَدِيدٌ 102 ) [هود: 102]

«Ва ин гуна буд (ба қаҳр) гирифтани Парвардигорат, вақте (аҳолии) шаҳрҳоро дар ҳоле, ки ситамгор буданд (ба қаҳр) мегирифт, оре ба қаҳр гирифтани ӯ дардноку сахт аст».

Ва дигар навъе аз анвоъи ситам, ки дар ин ояти карима аз он сухан омада ва дар ҳадиси шариф дар мавриди он ба тафсил сухан гуфта шудааст, ситам дар ҳаққи мардум ва таҷовуз ба онон дар ҷону номус ва молашон аст ва ситами зиштар ва қабеҳтар хоҳад буд, агар дар қиболи наздикон ва хешовандон бошад, ё дар ҳаққи ҳамсару духтари инсон, ё дар ҳаққи заъифон ва зердастон, монанди хидматгорон ва коргарон бошад.

Мутаассифона, бархеҳо то эҳсоси қудрат мекунанд, туғён ва саркашӣ намуда ва ҳаққи дигаронро зери по гузошта ва ба таклифи худ дар қиболи дигарон амал намекунанд:

( كَلَّا إِنَّ الْإِنْسَانَ لَيَطْغَى 6 أَنْ رَآَهُ اسْتَغْنَى 7 إِنَّ إِلَى رَبِّكَ الرُّجْعَى 8 ) [العلق: 6 - 8]

«Ҳаққан, ки инсон саркашӣ мекунад, ҳамин, ки худро бенаёз пиндорад, дар ҳақиқат бозгашт ба сӯи Парвардигори туст».

Дар воқеъ ин оят барои дилдории ситамдида ва насиҳати ситамгар, кофист, ки: «Ҳамоно бозгашт ба сӯи Парвардигор аст».

Зулм, торикии воқеъии рӯзи қиёмат аст ва дуои мазлум ба болои абрҳо шуда ва дарҳои осмон барои он гушуда мешавад ва миёни он ва Аллоҳи ҳеҷ ҳиҷобе нест ва Аллоҳи мутаъол дар посӯх ба он чунин мегӯяд: «Ёрият хоҳем дод, ҳатто агар пас аз муддатҳо бошад». Ва Аллоҳ ба золим фурсат медиҳад, аммо агар ӯро гирифт, дигар раҳойи нахоҳад ёфт:

( وَسَيَعْلَمُ الَّذِينَ ظَلَمُوا أَيَّ مُنْقَلَبٍ يَنْقَلِبُونَ 227 ) [الشعراء: 227]

«Ва касоне, ки ситам кардаанд, ба зудӣ хоҳанд донист, ба кадом бозгаштгоҳ, бархоҳанд гашт».

Ҳар ки дар оқибати ситамгорон назар кунад, нишонаҳои аҷиб аз азаммат ва ҷабарути Илоҳӣ мушоҳида хоҳад кард, ки мумкин аст, ин қисоси Илоҳӣ дар дунё бошад ва чӣ басо дар охират агар ин қисос рух диҳад, бисёр ваҳшатноктар хоҳад буд.

Аллоҳ мефамояд:

( وَلَا تَحْسَبَنَّ اللَّهَ غَافِلًا عَمَّا يَعْمَلُ الظَّالِمُونَ إِنَّمَا يُؤَخِّرُهُمْ لِيَوْمٍ تَشْخَصُ فِيهِ الْأَبْصَارُ 42 ) [إبراهيم: 42]

«Ва Аллоҳро аз он чӣ ситамгорон мекунанд, ғофил мапиндор, ҷуз ин нест, ки (кайфари) ононро барои рӯзе ба таъхир меандозад, ки чашмҳо дар он хира мешавад». Ишора аст ба рӯзи қиёмат.

Оре, бародарони мӯмин! Ситам ва таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон ва зери по ниҳодани каромати инсонӣ, боиси бадбахтӣ ва афрӯхтани оташи фитна хоҳад буд ва ситам агар ҳамагир шавад, боиси фасод ва вайронӣ ва нобудӣ хоҳад гардид.

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعنا بما فيه من الآيات والذكر الحكيم ، أقول قولي هذا واستغفر الله العظيم ، لي ولكم وولوالدي ولوالديكم ولسائر المسلمين.

الحمد لله رب العالمين، أحمده سبحانه وأشكره، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن نبينا محمداً عبده ورسوله صلى الله وسلم وبارك عليه وعلى آله وأصحابه والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين، أما بعد:

Мӯминони намозгузор! Аллоҳи мутаъол ин авқоти гаронбаҳоро дар ихтиёри мо қарор додааст, то аз он беҳтарин истифодаро намуда ва тӯшаи сафари дуру дарози ухравии худро аз он фаро гирем.

Аллоҳ мефармояд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَلْتَنْظُرْ نَفْسٌ مَا قَدَّمَتْ لِغَدٍ وَاتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ 18 ) [الحشر: 18]

«Эй касоне, ки имон овардаед! Тақвои Аллоҳро пеша кунед ва ҳар касе бояд бингарад, ки барои фардо чӣ аз пеш фиристодааст ва (боз) аз Аллоҳ битарсед, дар ҳақиқат Аллоҳ ба он чӣ мекунед, огоҳ аст».

Ва ҳамчунин Аллоҳи мутаъол дар ояти дигар мефармояд:

( يَوْمَ تَجِدُ كُلُّ نَفْسٍ مَا عَمِلَتْ مِنْ خَيْرٍ مُحْضَرًا وَمَا عَمِلَتْ مِنْ سُوءٍ تَوَدُّ لَوْ أَنَّ بَيْنَهَا وَبَيْنَهُ أَمَدًا بَعِيدًا وَيُحَذِّرُكُمُ اللَّهُ نَفْسَهُ وَاللَّهُ رَءُوفٌ بِالْعِبَاد 30 ) [آل عمران: 30]

«Рӯзе, ки ҳар кас он чӣ кори нек ба ҷо оварда ва он чӣ бадӣ муртакиб шуда, ҳозиршуда меёбад ва орзӯ мекунад, кош миёни ӯ ва он (корҳои бад) фосилаи дур буд ва Аллоҳ шуморо аз (кайфари) худ метарсонад ва (дар айни ҳол) Аллоҳ ба бандагони (худ), меҳрубон аст».

Умар (р) мефармоянд:

«حاسبوا انفسکم قبل ان تحاسبوا وزنوا اعمالکم قبل ان توزنوا».

«Нафси худро муҳосаба намоед, пеш аз оне, ки шуморо муҳосаба кунанд ва аъмоли худро вазн кунед, пеш азоне, ки дар мизони аъмоли Илоҳӣ қарор диҳанд».

Шоири ширинсухан, Саъдии Шерозӣ чунин мегӯяд:

Бомдоде, ки тафовут накунад лайлу наҳор

Хуш бувад домани саҳрову тамошои баҳор

Булбулон вақти гул омад, ки биноланд аз шавқ

На кам аз булбули масте ту бинол эй ҳушёр

Офаринаш ҳама танбеҳи Худованди диласт

Дил надорад, ки надорад, ба Худованд иқрор

Ин ҳама нақши аҷаб бар дару девори вуҷуд

Ҳар, ки фикрат накунад, нақш бувад бар девор

Кӯҳу дарёву дарахтон ҳама дар тасбеҳанд

На ҳама мустамеъе фаҳм кунанд ин исрор

Хабарат ҳаст, ки мурғони саҳар мегӯянд

Охир эй хуфта сар аз хоби ғафлат бардор

Ҳар ки имрӯз набинад асари қудрати ӯ

Ғолиб онаст, ки фардош набинад дидор

То кай охир чу ба нақша сари ғафлат дар пеш

Ҳайф бошад, ки ту дар хобу наргис бедор

Пас бар мост, ки ин неъмати бузурги Илоҳӣ, ки ҳамоно авқоту аём бошад, истифодаи кофӣ ва баҳинаро бибарем ва ҳангоми таҳвили соли ҷадид, дар парвандаи аъмоли худ,бознигарӣ кунем, то аз ин, ки моро мавриди муҳосаба ва бозпурсӣ қарор диҳанд, худро омода кунем ва агар мабодо марги ногаҳоние мо фаро расид, бо дасти пур, ин дунёи фониро раҳо карда бошем ва хушбахтии ухравиро азони худ созем, омин ё Раббалоламин.

اللهمَّ صلِّ وسلِّم وبارِك على عبدِك ورسولِك مُحمّد, وارْضَ اللهمَّ عن خلفاء نبيك الرّاشدين الأئمة الهداة المهديين، ذوي القدر العلي والفخر الجلي ساداتنا وأئمتنا أبي بكر وعمر وعثمان وعلي وارض اللهم عن السبطين الشهيدين سيدا شباب أهل الجنة وقرتا أعين أهل السنة الإمام أبي محمد الحسن والإمام أبي عبدالله الحسين وعن أمهما فاطمة الزهرا وعن جدتهما خديجة الكبرى وعن الصديقة بنت الصديق عائشة أم المؤمنين وعن سائر أزواج نبيك الطاهرات وعن سائر آل بيت النبي المطهرين من الدنس والأرجاس وعن عمي النبي الكريم حمزة والعباس وعن من تبعهم بإحسان الى يوم الدين.

اللهم أحينا في موالاتهم وموالاة أولياءهم ومعاداة أعدائهم وأمتنا على ملتهم واحشرنا في زمرتهم.

اللهم أعز الإسلام والمسلمين ، وأذل الشرك والمشركين ، ودمر أعداء الدين ، واجعل اللهم هذا البلد آمناً مطمئناً وسائرَ بلاد المسلمين .

اللهم أعز الإسلام والمسلمين، وأذل الشرك والمشركين، ودمِّر أعداء الدين، اللهم انصر من نصر الدين، اللهم انصر دينك وكتابك وسُنَّة نبيِّك - صلى الله عليه وسلم.

اللهم انصر إخواننا المسلمين في كل مكان يا حي يا قَيُّوم، اللهم انصرهم نصرًا مؤزَّرًا، وأيدهم بتأييدك، واحفظهم بحفظك يا حي يا قيوم يا ذا الجلال والإكرام.

اللهم آمنَّا في أوطاننا، وأصلح أئمتنا، وولاة أمورنا، واجعل ولايتنا فيمن خافك واتقاك، واتبع رضاك يا رب العالمين، اللهم أَبرِم لهذه الأمة أمرَ رشدٍ يَعزُّ فيه أهل طاعتك، ويُذلّ فيه أهل معصيتك، ويُؤمر فيه بالمعروف، ويُنهى فيه عن المنكر؛ إنك على كل شيء قدير.