islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Талаби илм ва амал ба он


5662
Дарс Тавсифи
Илм нур ва ҳидоят аст ва нодонӣ торикӣ ва гумроҳист. Илм ҳамроҳ бо имон мояи сарбаландӣ дар дунё ва охират аст ва амал ба илм самараи илм мебошад ва ҳадаф аз касби имл. Пас бар толибони илм лозим аст, ки ба он чӣ меомӯзанд, амал кунанд вагарна имли онон ваболашон хоҳад шуд ва мояи ҳасраташон. Олиме, ки ба илмаш амал намекунад, монанди шамъест, ки барои дигарон нур медиҳад ва худашро месӯзонад.

Ҷалби анзор ба сӯи таълими илми нофеъ.

Тазаккур додани одоби талаби илм.

Даъват ба ислоҳи манҳаҷҳо.

Хутбаи аввал

الحمد لله منزل الكتاب، هدى وذكرى لأولي الألباب، والصلاة والسلام على نبينا محمد المفضل على البشر بجوامع الخطاب، وعلى آله المطهرين والأصحاب.

وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمداً عبده ورسوله شهادة تنجي صاحبها يوم الحساب.

( يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالًا كَثِيرًا وَنِسَاءً وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي تَسَاءَلُونَ بِهِ وَالْأَرْحَامَ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيبًا 1 ) [النساء: 1]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 ) [آل عمران: 102]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَقُولُوا قَوْلًا سَدِيدًا70 يُصْلِحْ لَكُمْ أَعْمَالَكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَمَنْ يُطِعِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ فَازَ فَوْزًا عَظِيمًا 71 ) [الأحزاب:70 - 71]

أما بعد:

Бародарон ва Хоҳарони азиз! Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( هَلْ يَسْتَوِي الَّذِينَ يَعْلَمُونَ وَالَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ إِنَّمَا يَتَذَكَّرُ أُولُو الْأَلْبَابِ 9 ) [الزمر: 9]

«Бигӯ: Оё касоне,ки медонанд, бо касоне, ки намедонанд баробаранд? Фақат хирадмандонанд, ки панд мегиранд».

Мурод аз уламо ва ҷоҳилонанд. Пас ҳамон гуна, ки олимону ҷоҳилон баробар нестанд, ҳамчунон обидону осиён, баробар нестанд. Ояти карима бар ин далолат мекунад, ки камоли инсон дар ин ду мақсуд маҳсур аст: илму амал. «фақат хирадмандон панд мегиранд».

Яъне: фарқ байни уламо ва ҷуҳҳолро фақат оқилон медонанду бас.

Ва Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( إِنَّمَا يَخْشَى اللَّهَ مِنْ عِبَادِهِ الْعُلَمَاءُ إِنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ غَفُورٌ 28 ) [فاطر: 28] «Ҷуз ин нест, ки аз бандагон фақат олимонанд, ки аз ӯ метарсанд, бегумон Аллоҳ ғолибу омӯрзанда аст».

Яъне аз Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло фақат донишварону доноён ба вуҷуд, авсофи бузург ва афъоли зебои вайанд, ки ғоибона метарсанд ва ҳар кас аз Аллоҳ натарсад, ӯ дар воқеъ олиму донишвар нест. Пас ҳар кас ба Аллоҳи Азза ва Ҷалла донотар бошад, аз вай тарсонтар аст, чунон ки дар ҳадиси шариф омада аст, ки Расули Акрам (с) фармуданд: « Ман тарсонтарин ва парҳезгортарини шумо аз Аллоҳ барои Аллоҳ ҳастам». Бегумон Аллоҳ ғолиби омӯрзанда аст», пас нофармононро саркӯб ва аҳли тоъатро шомили мағфирати хеш қарор медиҳад.

Мурод аз илм дар ин ояти карима: улуми шаръӣ ва таҷрибию улуми кавнӣ, ки мазоҳири қудрати Аллоҳ аст ва мурод аз уламо низ, уламои доно ба шариъати Аллоҳ ва улуми табиъӣ ва зистӣ ва розҳои коинотанд. Зеро тарсу парвои касе, ки ин улум ва асрору маърифатро дар ҳоле, ки мӯмин аст, бидонад, бузургтар аз тарси дигарон аз Аллоҳ аст. Бадин ҷиҳат, мо дар асри ҳозир, ки асри инкишофи улум ва маъорифи табиъист, донишмандони бисёреро, ки дар арсаи ин улум моҳиранд, мушоҳида мекунем, ки ба сӯи дини Аллоҳ рӯй овардаанд.

Ибни Аббос (р) мефармояд: «Олими ба Аллоҳи раҳмон касест, ки чизеро бо ӯ шарик наёварда, ҳалоли ӯро ҳалол ва ҳароми ӯро ҳаром бишносад, супоришҳои вайро риъоят кунад ва яқин дошта бошад, ки бо Парвардигори худ дидор хоҳад кард ва дар қиболи амали хеш, мавриди муҳосаба қарор хоҳад гирифт».

Ҳасани Басрӣ (р) фармудааст: «Олим касест, ки аз Парвардигори Раҳмон ғоибона битарсад ва ба умуре роғиб ва моил бошад, ки Аллоҳи мутаъол дар он рағбат дорад ва аз умуре, ки Аллоҳ аз онҳо норозист, эътироз кунад, он гоҳ ин ояти каримаро тиловат кард».

Саъид бин Ҷубайр (р) мефармояд: «Тарс аз Аллоҳ иборат аст, аз он чизе, ки миёни ту ва нофармонии вай монеъ шавад».

Имом Молик (р) мефармояд: «Илм ба бисёрии ривоят нест, балки илм нурест, ки Аллоҳи мутаъол онро дар қалб қарор медиҳад».

Суфёни Саврӣ (р) мефармояд: «Некон мегуфтанд: уламо се дастаанд: олимест ба Аллоҳ, ки ба амри вай доност, олимест ба Аллоҳ, ки ба амри вай доно нест ва олимест ба амри Аллоҳ, ки ба худи Аллоҳ доно нест. Аммо олими ба Аллоҳ ва ба амри вай, касест, ки аз Аллоҳ Азза ва Ҷалла метарсад ва ҳудуду фароизи вайро медонад ва олими ба Аллоҳ, ки ба амри вай доно нест, олимест, ки аз Аллоҳи Азза ва Ҷалла метарсад, вале ҳудуду фароизи вайро намедонад ва олими ба амри Аллоҳ, ки ба худи Аллоҳ доно нест, касест ки ҳудуду фароизро медонад, аммо аз Аллоҳи Азза ва Ҷалла наметарсад».

Ва мефармояд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا أَطِيعُوا اللَّهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ وَأُولِي الْأَمْرِ ) [النساء: 59] «Эй касоне, ки имон овардаед! Аллоҳро итоъат кунед» бо итоъат аз китоби вай «ва Паёмбарро итоъат кунед» бо итоъат аз шахси вай дар ҳаёташ ва итоъат аз суннати вай баъд аз вафоташ «итоъат кунед улуламрро аз ҷинси хеш». Яъне улуламри мусалмонро ва (улуламр) иборатанд аз: салотину уламо ва қозӣ ки ҳамаи инсонҳое, ки дорои вилояти шаръӣ мебошанд, на вилояти тоғӯтӣ. Албатта муроди оят: итоъат дар авомиру навоҳии эшон то онгоҳаст, ки ин авомир ва навоҳӣ дорои маъсияти Аллоҳ набошад, зеро барои ҳеҷ махлуқе дар маъсияти Аллоҳ, итоъате нест, чунон чӣ ин ҳукм дар аҳодиси бисёре аз Расули Аллоҳ (с) низ собит шудааст. Баъзе гуфтаанд: Улуламр: аҳли Қуръон ва фуқаҳоянд, яъне: ононе, ки ба ҳақ амр мекунанд ва ба ҳақ фатво медиҳанд, дар ҳоле, ки ба он амал доранд.

Ибни Касир (р) мефармояд: «равшан аст, ки маънои улуламр дар ин ояти карима ом аст ва уламо ва умаро ҳар дуро шомил мешавад валлоҳу таъол аълам».

( يَرْفَعِ اللَّهُ الَّذِينَ آَمَنُوا مِنْكُمْ وَالَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ دَرَجَاتٍ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ 11 ) [المجادلة: 11]

«Аллоҳ касонеро, ки аз шумо имон овардаанд ва касоне, ки илм дода шуданд, дараҷоти баланде медиҳад».

Яъне: касоне аз шуморо, ки имону илм дода шудаанд, ба дараҷоти олие аз каромат дар дунё ва подоши охират рифъат медиҳад, бо фароҳам кардани баҳраи эшон дар ин ду саро ва аз ҷумлаи ин дараҷот ва маротиб, боло шинондани вай дар маҷолис аст.

Имом Аҳмад ва Муслим ривоят кардаанд, ки Нофеъ бин Абдулҳорис, ки волии Умар (р) дар Макка буд, бо Умар (р) дар Асқалон мулоқот кард. Умар (р) ба вай фармуд: чӣ касеро бар аҳли водӣ ҷонишини хеш кардайи? ӯ посӯх дод: Ибни Абзиро, ки марде аз бузургони озодшудаи мост. Умар (р) фармуд: Оё бардаи озодшудаеро бар эшон ҷонишин кардайи? Нофеъ посӯх дод: Эй Амири мӯминон! Охир ӯ қории китоби Аллоҳ аст, олим ба фароиз аст, қозӣ аст! Умар (р) фармуд: Оре! рост гуфтӣ! Ин Паёмбари шумо (с) буд, ки дар ин ҳадиси шариф фармуд:

«إِنَّ اللهَ يَرْفَعُ بِهَذَا الْكِتَابِ أَقْوَامًا، وَيَضَعُ بِهِ آخَرِينَ» . (مسلم)

«Бешак, Аллоҳ қавмеро ба василаи ин китоб боло мебардорад ва дигареро паст мегардонад». (Муслим).

Ҳамчунин дар ҳадиси шариф ба ривояти Усмон (р) омада аст, ки Расули Худо (с) фармуд:

«يَشْفَعُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ ثَلَاثَةٌ: الْأَنْبِيَاءُ، ثُمَّ الْعُلَمَاءُ، ثُمَّ الشُّهَدَاءُ.» (ابن ماجه)

«Дар рӯзи қиёмат се гурӯҳ шафоъат мекунанд: Анбиё, сипас Уламо, сипас Шуҳадо». (Ибни Моҷҷаҳ).

Аз Ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки фармуд: «Сулаймон (а) дар миёни илм ва молу мулк мухайяр сохта шуд, пас илмро ихтиёр кард ва ба сабаби илм, молу мулк ҳам ба вай дода шуд».

Ва мефармояд:

( شَهِدَ اللَّهُ أَنَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ وَالْمَلَائِكَةُ وَأُولُو الْعِلْمِ قَائِمًا بِالْقِسْطِ لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ 18 ) [آل عمران: 18]

«Гувоҳӣ дод Аллоҳ» яъне: баён кард ва эълом дошт ва огоҳӣ дод, бо оёти таквинӣ ва ташреъӣ ва ҳуҷҷатҳои равшани худ, «ки ҷуз ӯ ҳеҷ маъбуде нест», пас Ҳақ таъоло бо он чӣ, ки баён карда ва он чӣ, ки офарида, моро ба сӯи ваҳдонияти хеш ва ин, ки фақат ӯ маъбуди барҳақ аст, роҳнамойи кардааст, «ва фариштагон низ гувоҳӣ медиҳанд, ки гувоҳии онҳо, иқрор ба ваҳдонияти Аллоҳ аст, «ва соҳибони дониш» низ гувоҳӣ медиҳанд. Гувоҳии онон ба ин маънои имонашон ба ваҳдоният ва баёни ин ҳақиқат ба мардум бо забон аст ва дар ин, ки Аллоҳ номи уламоро бо номи худ ва номи фариштагони хеш мақрун сохта, фазилати бузург ва фахру шарафи беандоза борои аҳли илм аст.

Аз Зубайр бин Аввом (р) ривоят шуда аст, ки фармуд: Аз Расули Аллоҳ дар Арафа шунидам, ки ин ояти каримаро тиловат карданд, сипас дар ин ҳадис шариф фармуданд: «Эй парвардигорам! Ман низ бар ин ҳақиқат аз гувоҳон ҳастам». «Ҳамвора ба адл қиём дорад». Яъне: Аллоҳ дар тамоми умур ба адл қиём дорад, ё ҳамвора барподорандаи адл ва дод аст. «ҷуз ӯ, ки тавоно ва ҳаким аст, ҳеҷ маъбуде нест».

أقول قولي هذا، وأستغفر الله لي ولكم، فاستغفروه إنه هو الغفور الرحيم.

الحَمْدُ لِلهِ رَبِّ العَالمِينْ، وَالصَّلاَةُ وَالسَّلاَمُ عَلىَ نَبِينّا مُحَمّدٍ، وَعَلى آلِهِ وَأصْحَابهِ وَمَنْ دَعَا بِدَعْوَتِهِ إلىَ يَوْمِ الدِّيْن. أمّا بعد:

Бародарон ва Хоҳарони мусалмон!

Бухорӣ ва Муслим аз Муъовия (р) ривоят мекунанд, ки Паёмбар (с) фармуданд:

«مَنْ يُرِدِ اللهُ بِهِ خَيْرًا يُفَقِّهُّ فِي الدِّينِ» (روايت ابوداود ، ترمذي ودارمي ، درجة حديث: حسن)

«Касе, ки Аллоҳ барои ӯ хайре бихоҳад, дар дин донояш мекунад».

Ибни Мунир (р) ҳамчуноне, ки Ибни Ҳаҷар аз ӯ нақл мекунад, мефармояд: «Касе, ки дар дин донояш накунад, барояш хайре нахостааст».

Абӯдардо (р) аз Паёмбар (с) ривоят мекунад, ки фармуданд:

«فَضْلَ الْعَالِمِ عَلَى الْعَابِدِ، كَفَضْلِ الْقَمَرِ لَيْلَةَ الْبَدْرِ عَلَى سَائِرِ الْكَوَاكِبِ، وَإِنَّ الْعُلَمَاءَ وَرَثَةُ الْأَنْبِيَاءِ، وَإِنَّ الْأَنْبِيَاءَ لَمْ يُوَرِّثُوا دِينَارًا، وَلَا دِرْهَمًا وَرَّثُوا الْعِلْمَ، فَمَنْ أَخَذَهُ أَخَذَ بِحَظٍّ وَافِرٍ.» (روايت ابوداود ، ترمذي ودارمي ، درجة حديث: حسن).

"Бартарии олим бар обид, монанди бартарии моҳи шаби чахордаҳ бар соири ситорагон аст. Уламо вориси Паёмбаронанд ва Паёмбарон динору дирҳамеро аз худ ирс нагузоштанд, танҳо чизе, ки аз худ ба ирс гузоштаанд, илм аст, пас касе, ки онро бачанг оварад, баҳраи фаровоне бурдааст". (Абдовуд ва Тирмизӣ ва Дорамӣ, дараҷаи ҳадис: ҳасан).

Ва аз ҷумлаи ақоиди Аҳли суннат ва ҷамоъат ҳамчуноне, ки шайх Абдурраҳмон бин Саъдӣ (р) мефармояд: парастиши Аллоҳи мутаъол ба василаи эҳтироми уламост, яъне, Аҳли суннат ва ҷамоъат бо эҳтиром ва бузургдошти уламо, ба Аллоҳ қурб меҷӯянд.

Ҳасани Басрӣ (р) мефармояд: "Марги олим шигофе дар Ислом ба вуҷуд меоварад, ки ҳар чӣ замоне бигзарад, чизе онро пур намекунад.

Авзоъӣ (р) мефармояд: "Аз назари мо мардум дар уламо хулоса мешаванд".

Суфёни Саврӣ (р) мефармояд: "Будани як фақеҳ бар қуллаи кӯҳе, худ як ҷамъиятест".

Расули Акрам (с) фармудаанд:

«مَنْ سَلَكَ طَرِيقًا يَطْلُبُ فِيهِ عِلْمًا سَلَكَ اللَّهُ بِهِ طَرِيقًا مِنْ طُرُقِ الْجَنَّةِ، وَإِنَّ الْمَلَائِكَةَ لَتَضَعُ أَجْنِحَتَهَا رِضًا لِطَالِبِ الْعِلْمِ، وَإِنَّ الْعَالِمَ لَيَسْتَغْفِرُ لَهُ مَنْ فِي السَّمَوَاتِ، وَمَنْ فِي الْأَرْضِ، وَالْحِيتَانُ فِي جَوْفِ الْمَاءِ، وَإِنَّ فَضْلَ الْعَالِمِ عَلَى الْعَابِدِ، كَفَضْلِ الْقَمَرِ لَيْلَةَ الْبَدْرِ عَلَى سَائِرِ الْكَوَاكِبِ» . (سنن ابی داود)

"Ҳар, ки роҳе тай кунад, ки дар он талаби илм кунад, Аллоҳ барояш роҳеро ба сӯи биҳишт осон мекунад ва ҳамоно фариштагон ба воситаи ризояте, ки аз кораш дорад, болҳои хурдро барои толиби илм мегустарад ва ҳамаи касоне, ки дар замину осмонанд, ҳатто моҳиҳо дар дарё барои толиби илм талаби омӯрзиш мекунанд ва фазилати олим бар обид, монанди фазилати моҳи шаби чаҳордаҳ бар дигар ситорагон аст". (Абӯдовуд).

Ҳамчуни Алӣ бин Абитолиб (р) мефармояд: "Як олим бартар аст аз рӯзадори шаббедори муҷоҳид ва бо марги як олим дар Ислом шикофе афтад, ки ҷуз бо ҷонишинӣ аз вай пур намегардад".

Аз ғуруру худписандӣ намебошад, ки Аллоҳ Ҷалла Ҷалолуҳу дар Лавҳи маҳфӯз навиштааст, ки: нобудии ин дунё ва вайронии он ба марги уламои он аст. Барои ҳамин Паёмбар (с) чунон чӣ дар саҳеҳайн баён шудааст, мефармояд:

«إِنَّ اللَّهَ لاَ يَقْبِضُ العِلْمَ انْتِزَاعًا يَنْتَزِعُهُ مِنَ العِبَادِ، وَلَكِنْ يَقْبِضُ العِلْمَ بِقَبْضِ العُلَمَاءِ، حَتَّى إِذَا لَمْ يُبْقِ عَالِمًا اتَّخَذَ النَّاسُ رُءُوسًا جُهَّالًا، فَسُئِلُوا فَأَفْتَوْا بِغَيْرِ عِلْمٍ، فَضَلُّوا وَأَضَلُّوا.» (بخاری)

"Худованд илмро аз синаи бандагон, худ маҳв намекунад, балки бо вафоти уламо онро аз байн мебарад. Вақте, ки уламо аз байн рафтанд, мардум ҷоҳилонро раҳбари худ қарор медиҳанд ва масоили худро аз онҳо мепурсанд, раҳбаронашон низ аз рӯи ҷаҳолат фатво медиҳанд, ки ҳам худро гумроҳ мекунанд ва ҳам дигаронро ба гумроҳӣ мекашанд". (Бухорӣ).

Ин оёту аҳодис ва суханони мондагор баёнкунандаи ҷойгоҳи бузург ва дараҷоти баландест, ки уламо аз он бархурдоранд, дар натиҷа воҷиб аст, ки мардум бо риъояти эҳтиром, бузургдошт, қадрдонӣ ва ҳифзи ҳурмати уламо, манзалати онҳоро пос бидоранд. Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( ذَلِكَ وَمَنْ يُعَظِّمْ حُرُمَاتِ اللَّهِ فَهُوَ خَيْرٌ لَهُ ) [الحج: 30]

«Ҳар кас ҳурумоти Илоҳиро бузург дорад, назди Парвардигораш барояш беҳтар аст».

Ва шаъира ҳамчуноне, ки уламо гуфтанд, ҳар чизест, ки Аллоҳ фазилати онро эълон ва амр ба эҳтироми он кардааст ва тардиде нест, ки уламо ба далолати оёту нусуси гузашта дар дараҷаи аввал шомили он чиро, ки Аллоҳи мутаъол фазилати онро эълом ва амр ба эҳтироми он кардааст, мешаванд. Пас носазо гуфтан ба уламо ва азияти онҳо, кӯтоҳӣ дар эҳтироми Аллоҳ аст ва чӣ баҷост сухани яке аз донишмандон, ки мегӯяд: «Рехтани обурӯи уламо инсонро бар сари чоҳе аз чоҳҳои ҷаҳаннам қарор медиҳад».

Ва аз далоиле, ки гӯёи хатарнок будани озори уламои уммат аст, ҳадисест, ки Бухорӣ онро аз Абӯҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) фармуданд:

« إِنَّ اللَّهَ قَالَ: مَنْ عَادَى لِي وَلِيًّا فَقَدْ آذَنْتُهُ بِالحَرْبِ».

«Аллоҳи Азза ва Ҷалла дар ҳадиси қудсӣ мефармояд: Касе, ки бо яке аз дӯстони ман душманӣ варзад, бо ӯ вориди ҷанг мешавам».

Бародарону Хоҳарони гиромӣ! Ҳамаи мо медонем, ки агар судхур даст аз ҷурми бузурги судхурӣ накашад ва тавба накунад, Аллоҳи мутаъол бо ӯ вориди ҷанг мешавад, ҳама инро дарк кардаем, аммо инро низ медонем, ки ҳар кас авлиёи Аллоҳро озор диҳад, бо Аллоҳ вориди ҷанг шудааст, чунон чӣ ҳадиси гузашта баёнкунандаи ин масаъала буд.

Оё замоне, ки хостем дар мавриди яке аз уламо сухан биронем, ин ҳушдори шадидро ба хотир меоваред? Хатиби Бағдодӣ (р) аз Абӯҳанифа ва Шофеъӣ (р) ривоят мекунад, ки фармуданд: «Агар фуқаҳо авлиёи Аллоҳ набошанд, дигар валиюллоҳ вуҷуд надорад». Имом Шофеъӣ мефармояд: «фуқаҳои дурусткор». Яъне манзур аз фуқаҳо, уламои дурусткоранд.

Ибни Аббос (р) мефармояд: «Касе фақеҳеро биёзорад, Паёмбар (с)ро озурда аст ва касе, ки Паёмбарро биёзорад, Аллоҳи Азза ва Ҷалларо озурдааст».

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه:

(ﭲ ﭳ ﭴ ﭵ ﭶ ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭼ ﭽ ﭾ ﭿ ﮀ) [الأحزاب:56]

اللهم فصلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين.

اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم.

اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين.

اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.

عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.