islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Имон ба қазо ва қадари Илоҳӣ


3269
Дарс Тавсифи
Инсон дар ин дунё осоиш ва оромиш надорад, магар он ки ба қазо ва қадари Аллоҳи мутаъол имон дошта бошад. Имон ба қазо ва қадар инаст, ки ҳар чӣ Аллоҳи мутаъол бихоҳад, ҳамон мешавад ва ҳар чи Аллоҳ нахоҳад, ҳаргиз рух намедиҳад ва агар ҳамаи уммат гирд оянд ва бихоҳанд ба вай зараре бирасонанд, ҳар гиз наметавонанд ба вай зараре бирасонанд, магар он ки Аллоҳи мутаъол онро муқаддар карда бошад ва агар ҳамаи уммат гирд оянд, то ба вай нафъе бирасонанд, ҳар гиз наметавонанд ба вай нафъ бирасонанд, магар он, ки Аллоҳи мутаъол онро барояш муқаддар карда бошад.

Баёни ҳақиқати имон ба қазо ва қадар ва ин, ки он рукне аз аркони имон мебошад.

Баёни ин, ки қазо ва қадар далеле бар иртикоби гуноҳ нест.

Баёни ризо будан ба қазо ва қадар дар ҳамаи корҳо.

Баёни самараи имон ба қазо ва қадар.

Барҳазар доштан аз фирқаҳои гумроҳ дар масъалаи қадар.

Хутбаи аввал

الحمد لله الذي جعل التوحيد أغلى ما في الأرض والسموات وأعز أهله بالجنة ورفع الدرجات وجعلنا من أهل التوحيد وعلى سفينة النجاة والصلاة والسلام على أفضل الخلق صاحب الكمالات وعلى آله وصحبه ومن تبعهم بإحسان ذوي الفضل والتقوا والدعوة والجهاد والبطولات..

Бародарони мусалмон! Аллоҳи мутаъол дар каломи маҷидаш мефармояд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 ) [آل عمران: 102]

«Эй мӯминон! чунон, ки ҳаққи тарсидан аст, аз Аллоҳ битарсед ва намиред, магар дар ҳоле ки мусалмон бошед».

Пас худам ва шуморо ба тақвои Илоҳӣ ва тарси ҳақиқӣ аз Аллоҳи мутаъол тавсия мекунам.

Бародарони мусалмон! эй аҳли имон ва тавҳид! Мавӯъи хутбаи ин ҳафтаи мо имон ба қазо ва қадари Илоҳист. Имон ба тақдир, яке аз аркони шашгонаи имон аст, ки имони ҳеҷ касе ҷуз бо яқин ва бовару ризо ва хушнӯдии комил ба он ба даст намеояд, лизо Худованди мутаъол мефармояд:

( إِنَّا كُلَّ شَيْءٍ خَلَقْنَاهُ بِقَدَرٍ 49) [القمر: 49]

«Бе шак мо ҳар чизеро ба андозаи муқаррар офаридаем».

Ва Расули гиромӣ (с) мефармоянд: «كل شئ بقدر حتى العجز والكيس», «ҳамаи чиз дар тақдир навишта шудааст, ҳатто нотавонӣ ва зиракӣ». Саҳеҳи Муслим (2655) ва Муснади Аҳмад (2/110).

Имон ба тақдир ҷуз бо таҳқиқи чаҳор чиз комил намешавад.

Аввал: Имон доштан ба илми азалии Аллоҳи мутаъол, ки бар ҳар чиз иҳотаи комил дорад.

Дуввум: Имон доштан ба навишта шудан дар Лавҳи маҳфуз, яъне, ҳар он чӣ аз тақдир мехоста анҷом бигирад, дар он сабт шудааст.

( مَا فَرَّطْنَا فِي الْكِتَابِ مِنْ شَيْءٍ ) [الأنعام: 38]

«Мо дар ин китоб (лавҳи маҳфӯз) ҳеҷ чизро фурӯгузор накардаем».

Расули Акрам (с) мефармояд:

«كتب الله مقادير الخلائق قبل أن يخلق السموات والأرض بخمسين الف سنة».

«Худованд панҷоҳ ҳазор сол пеш аз он, ки осмонҳо ва заминро биофарад, тақдири махлӯқотро навиштааст». (Саҳеҳи Муслим, шумораи 1653).

Саввум: Имон доштан ба машиати Аллоҳи пок, ки ҳар чӣ бихоҳад, иҷро мекунад ва қудраташ фарогир аст, лизо мефармояд:

( وَمَا تَشَاءُونَ إِلَّا أَنْ يَشَاءَ اللَّهُ رَبُّ الْعَالَمِينَ 29 ) [التكوير: 29]

«Ва шумо намехоҳед, ғайри он чиро, ки Парвардигори ҷаҳониён хоста бошад».

Чаҳорум: Имон доштан ба ин, ки Холиқ ва офаридагори ҳамаи чиз дар ҷаҳон фақат Аллоҳи мутаъол аст.

Тақдир мароҳиле дорад:

Тақдири умумӣ барои тамоми коинот, ки Аллоҳи мутаъол панҷоҳ ҳазор сол пеш аз офариниши осмонҳо ва замин онро навишта аст.

Тақдири умрӣ, ки аз лаҳзаи рӯҳ дамидан то поёни умр барои ӯ навишта шудааст.

Тақдири солона, ки дар тӯли як сол анҷом мегирад.

( فِيهَا يُفْرَقُ كُلُّ أَمْرٍ حَكِيمٍ 4 ) [الدخان: 4]

«Ҳар кори устуворе дар он шаб (шаби қадр) файсала меёбад».

Тақдири рӯзона, ки дар ҳар рӯз аъам аз иззату зиллат ва бахшишу боздоштан ва мирондан ва зинда кардан ва ғайра анҷом мегирад.

Офаранда ва Парвардигору ихтиёрдори ҳама чиз, фақат Аллоҳи мутаъол аст. Ӯ пеш аз он, ки ононро биофарад, аҷалу рӯзӣ ва аъмолашон ва ин, ки растагор хоҳанд буд ва ё зиёнкор, ҳама чизро навишта ва дар Лавҳи маҳфӯз сабт гардонидааст. Он чӣ Аллоҳ бихоҳад, ҳамон мешавад ва он чӣ нахоҳад анҷом нахоҳад шуд. Ӯ ҳар он чӣ то кунун анҷом гирифта ва ҳар он чӣ дар оянда анҷом хоҳад гирифт ва он чӣ, ки анҷом нагирифта ва агар анҷом мегирифт, чӣ гуна буд, ҳамаро медонад. Ӯ бар ҳар чизе тавоност ва ҳар касеро бихоҳад гумроҳ мекунад ва ҳар касеро бихоҳад ҳидоят менамояд.

Ҷоиз аст, ки дар мусибатҳо ба қазо ва қадар истидлол шавад ва гуфта шавад: тақдир чунин будааст, аммо дар айбҳову нуқсонҳо ва гуноҳон ҳаргиз наметавон тақдирро баҳона қарор дод ва ҳар коре кард.

Ду чиз пиромуни тақдир бар бандаи мӯмин воҷиб аст:

Аввал: Ин, ки дар анҷоми корҳои хайр ва иҷтиноб аз корҳои нописанд, аз Аллоҳи мутаъол кӯмак ва истиъонат биҷӯяд ва ин, ки дуо кунад, ки ҳар кори хайреро осон ва ҳар кори нописандро дӯшвор гардонад ва бар ӯ таваккал кунад ва худро дар ҷалби ҳар хайру некӣ ва парҳез аз ҳар шарру бадӣ, мӯҳтоҷи ӯ бидонад.

Расули гиромӣ (с) мефармояд:

«احرص على ما ينفعك واستعن بالله لا تعجز وإن أصابك شئ لا تقل لو أني فعلت كذا لكان كذا ولكن قل قدرالله وما شاء فعل، فإن لو تفتح عمل الشيطان». (صحيح مسلم شماره 2612)

«Бар он чӣ бар ту нафъ мерасонад, ҳарис бош ва аз Аллоҳи мутаъол кӯмаку истиъонат биҷӯй, агар ба мушкиле бархурдӣ, нагӯ: агар чунин мекардам, чунин мешуд, балки бигӯ: Аллоҳи мутаъол чунин хоста ва муқаддар фармуда ва ӯ ҳар чӣ бихоҳад мекунад, зеро калимаи (агар) дарвозаи шайтонро ба рӯят боз мекунад». (Саҳеҳ Муслим, шумораи 2612)

Дуввум: Ин, ки бар он чӣ барояш муқаддар шуда, сабр намояд ва доду фарёд накунад. Бояд яқин дошта бошад, ки ин қазо ва қадари Илоҳӣ аст, лизо ба он розӣ ва хушнӯд бошад ва яқин дошта бошад, ки мушкиле, ки ба ӯ расида, ҳаргиз бозгашт надошта ва он чӣ, ки аз ӯ наҷот ёфта, ҳаргиз наметавониста ба ӯ осебе бирасонад.

Ба ҳар ҳол, бояд ба қазо ва қадар розӣ буд, зеро, ки ин ризояти мукаммал ва поёнбахши ризоят ба Рубубияти Парвардигор аст. Ба ҳар мӯмине лозим аст, ки ба тақдир ва қазои Илоҳӣ розӣ бошад, зеро ҳар феъл ва қазои Аллоҳи мутаъол сар то сар хайру адолат ва ҳикмат аст. Касе, ки мутмаъин бошад, ки он чӣ ба ӯ расида, наметавониста нарасад ва он чӣ, ки ба ӯ нарасида, наметавониста бирасад. Қалбаш аз шак ва ҳайрату саргардонӣ пок мемонад ва зиндагиаш аз гирифтаги ва ошӯфтагӣ дар амон хоҳад буд. Бинобарин ҳар чӣ аз даст бидиҳад, ӯро ғамгин намекунад ва барои ояндааш нигарон ва парешон намешавад. Дар ин сурат ӯ хушбахттарин инсон аст ва пуроромиштарин қалбро дар сина дорад.

Касе, ки яқин дошта бошад, ки умраш шумурдашуда ва рӯзияш мушаххас аст, на тарс аз марг умрашро зиёд мекунад ва на бухл бар рӯзии вай меафзояд. Ҳама чиз навишташуда ва таъйиншудааст ва ҳар душворӣ ва мусибате, ки ба ӯ бирасад, сабр мекунад ва ҳамвора аз гуноҳонаш пӯзиш ва омӯрзиш металабад ва ба он чӣ Аллоҳи мутаъол барояш муқаддар фармуда, розӣ ва хушнӯд мегардад, бинобарин аз як сӯ аз Парвардигораш фармонбардорӣ мекунад ва аз сӯи дигар бар мушкилот ва душвориҳои зиндагӣ, сабр пеша мекунад.

Ин, ки мегӯем, қазо ва қадар рози Аллоҳи мутаъол дар махлуқоташ аст, мунҳасир ба бахши пинҳону пӯшидаи он аст. Ҳақиқати ашёро ҷуз Аллоҳи мутаъол ҳеҷ кас намедонад ва Аллоҳи мутаъол башарро ҳар гиз ба он мутталеъ намегардонад, мисли гумроҳ кардан ва ҳидоят кардан ва зинда кардану мирондан ва ато кардану боздоштан.

Ва чуноне, ки Расули гиромӣ (с) мефармояд: «إذا ذكر القدر فامسكوا», «Ҳар гоҳ сухан аз қазо ва қадар ба миён омад, забони худро нигоҳ доред». Силсилаи саҳеҳ 1/34

Ва аммо бахшҳои дигари тақдир ва ҳикматҳои бузургӣ ва омӯзандаи он ва маротибу дараҷот ва паёмадҳои он, чизҳоест, ки шинохти он ва баён кардани он барои мардум ҷоиз аст, зеро тақдир яке аз аркони имон аст, ки бояд онро омӯхт. Чунон, ки Расули гиромӣ (с) ҳангоме, ки аркони имонро барои Ҷибрил (а) баён намуданд, фармуданд:

«هذا جبريل أتاكم يعلمكم دينكم».

«Ин Ҷибрил аст, омад, ки динатонро ба шумо биёмӯзад». Саҳеҳи Муслим .

Илму огоҳии Аллоҳи мутаъол ба он чӣ дар оянда анҷом хоҳад гирифт, ғайб аст, ки ҷуз ӯ таъоло ҳеҷ кас онро намедонад ва аз дид ва дарки ҳамагон пинҳон аст, пас ҳеҷ кас наметавонад бар асоси он ва ба баҳонаи ин, ки ҳама чиз қаблан дар тақдир таъйин шуда, амалро тарк кунад.

Бинобарин қазо ва қадари Илоҳӣ наметавонад барои ҳеҷ кас назди Аллоҳи мутаъол ва на назди махлуқоташ ҳуҷҷату баҳона қарор гирад, агар қазия аз ин қарор мебуд ва ҳар кас қазо ва қадарро баҳона қарор медод ва гуноҳону тақсироташро тавҷеҳ мекард, дар он сурат на ҳеҷ золиме муохаза мешуд ва на ҳеҷ қотиле қисос мегардид ва на ҳеҷ мушрику кофире муҳосаба мешуд ва на ҳадде ҷорӣ мешуд ва на ҳеҷ кас аз зулм даст мекашид, ки ин фасоди ошкор ва зарари он дар дину дунё мушаххас аст.

Касе, ки қазо ва қадарро ҳуҷҷату баҳона қарор медиҳад, ба ӯ мегӯем, ту яқинан намедонӣ, ки аз аҳли биҳиштӣ, ё аз аҳли дӯзах. Агар ин амр бароят мушаххас мебуд, дигар ниёзе ба амру наҳй набуд, бинобарин ту амал кун ва умедвор бош, ки Аллоҳи мутаъол туро тавфиқи иноят фармояд, то ин ки аз аҳли биҳишт бошӣ.

Яке аз Саҳобаи гиромӣ (р) ҳангоме, ки ривоёти тақдир ё қазо ва қадарро шунид, фармуд: қаблан ҳам талошу кӯшиши мо ҳамин андоза буд.

Ҳангоме, ки Расули Аллоҳ (с) дар бораи истидлол ба қазо ва қадар ва баҳона қарор додани он пурсида шуд, фармуданд:

«اعْمَلُوا، فَكُلٌّ مُيَسَّرٌ لِمَا خُلِقَ لَهُ».

«Амал кунед, ҳар кас барои ҳар коре, ки офарида шуда, он кор барояш осон аст». (Саҳеҳи Бухорӣ, шумораи 4949).

Касе, ки аҳли саъодат бошад, амал кардан ба аъмоли саъодатмандон ва растагорон барояш осон мешавад ва ҳар касе аз аҳли шақоват бошад, амал кардан ба аъмоли шақоватмандон ва зиёнкорон барояш осон мешавад ва сипас ин оётро тиловат фармуданд:

( فَأَمَّا مَنْ أَعْطَى وَاتَّقَى 5 وَصَدَّقَ بِالْحُسْنَى6فَسَنُيَسِّرُهُ لِلْيُسْرَى 7 وَأَمَّا مَنْ بَخِلَ وَاسْتَغْنَى 8وَكَذَّبَ بِالْحُسْنَى 9 فَسَنُيَسِّرُهُ لِلْعُسْرَى 10 ) [الليل: 5 - 10]

«Пас аммо касе, ки бахшид ва парҳезгорӣ кард ва ойини некро тасдиқ кард, роҳи расидан ба осоишро барояш осон мегардонем ва аммо ҳар кас, ки бухл варзад ва худро бениёз шумурд ва ойини некро дурӯғ шумурд, ба ӯ барои гирифтор омадан ба дӯшворӣ, замина медиҳем».

Ҳолот ва воқеъаҳое, ки барои инсон пеш меояд, ду навъ аст: як навъ он, ки зоҳиран чора дорад, ки инсон метавонад чораҷӯйи кунад. Навъи дуввум он, ки ҳеҷ чорае надорад, бинобарин дар баробари он бидуни доду фарёд таслим мешавад.

Аллоҳи мутаъол пеш аз он, ки мушкилу мусибате рух диҳад, онро медонад, аммо маънои ин сухан ин нест, ки чун Аллоҳи мутаъол медониста, лизо худ ӯро ба мушкилу мусибат гирифтор намуда, на! балки мушкил ба ин далел пеш омад, ки асбоби пайдоиши он муҳайё шудааст. Агар иллати падид омадани мушкил, ё мусибат худи шахс бошад, масалан, асбобе, ки метавониста ӯро аз вуқӯъ дар мушкил боз дорад –ё ин, ки динаш аз истифода аз асбоб амр намуда- аз он кор нагирифта, инҷо худаш мавриди маломат аст, ки аз асбоби табиъӣ кор нагирифта ва аз худаш ҳимоят накарда, аммо чорае надошта ва тавони дафъи мушкилро надошта, инҷо маъзур аст.

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم ونفعنا بهدي سيد المرسلين وقوله القويم أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلين والحمد لله رب العالمين.

الحمد لله حمدا كثيرا طيبا مباركا فيه، كما يحب ربنا ويرضى، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمدا عبده ورسوله، وعلى آله وصحبه ومن تبعهم بإحسان إلى يوم الدين.

Сарварони гиромӣ ва мӯминони гаронқадр! Истифода аз асбоб ба ҳеҷ ваҷҳ мунофии тақдир ва таваккал нест, балки ҷузъе аз он аст, аммо агар бинобар қазо ва қадари Илоҳӣ, мушкиле пеш омад, воҷиб аст, ки ба он розӣ буда ва таслим бошем ва бигӯем (قدر الله ما شاء فعل), «Аллоҳ чунин муқаддар карда буд ва ӯ ҳар чӣ бихоҳад мекунад».

Ва аммо қабл аз ин, ки воқеъ шавад, бояд ҳамеша аз асбоби машрӯъ истифода кард ва тақдирро бо тақдир дафъ кард. Паёмбарон (а) ҳамвора аз асбобе, ки онҳоро аз дасти душманонашон маҳфуз бидорад, истифода кардаанд, бо вуҷуди ин, ки онон бо ваҳйи Илоҳӣ ва ҳифозати Илоҳӣ муайяд буданд ва Расули гиромӣ (с) бо шиддати таваккале, ки доштанд ва сайиди мутаваккилин буданд, ҳамеша аз асбоб кор мегирифтанд.

Лизо Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( وَأَعِدُّوا لَهُمْ مَا اسْتَطَعْتُمْ مِنْ قُوَّةٍ وَمِنْ رِبَاطِ الْخَيْلِ تُرْهِبُونَ بِهِ عَدُوَّ اللَّهِ وَعَدُوَّكُمْ ) [الأنفال: 60]

«Ва он чӣ аз нерӯ ва муҳайё сохтани асбон дар тавон доред, барои (муқобала бо) онон омода созед, бо он душмани Аллоҳ ва душмани худро битарсонед».

Ва ҳамчунин мефармояд:

( هُوَ الَّذِي جَعَلَ لَكُمُ الْأَرْضَ ذَلُولًا فَامْشُوا فِي مَنَاكِبِهَا وَكُلُوا مِنْ رِزْقِهِ وَإِلَيْهِ النُّشُورُ 15 ) [الملك: 15]

«Ӯ касест, ки заминро бароятон ром гардонид, пас дар гӯша ва канори он роҳ биравед ва аз рӯзияш (Аллоҳ) бихуред ва (вуқуъи) растохез дар назди ӯст».

Расули акрам (с) мефармояд:

«المؤمن القوي خير وأحب إلى الله من المؤمن الضعيف وفي كل خير، إحرص على ما ينفعك واستعن بالله ولا تعجز وإن أصابك شئ فلا تقل لو أني فعلت كذا وكذا لم يصبنى كذا ولكن قل قدرالله وما شاء فعل فإن لو تفتح عمل الشيطان». (صحيح مسلم شماره 4816).

«Мӯмини қавӣ беҳтар ва маҳбубтар дар назди Аллоҳ аз мӯмини заъиф аст ва дар ҳар ду хайр аст. Бар он чӣ бар ту нафъ мерасонад, ҳарис бош ва аз Аллоҳ кӯмак ва истиъонат биҷӯй ва оҷиз машав ва агар амри нописанде ба ту расид, нагӯ: агар чунин мекардам, чунон мешуд, балки бигӯ: (قدرالله وماشاء فعل), зеро калимаи (агар) дари кори (харобкории) шайтонро боз мекунад». (Муслим 4816)

Касе, ки аз қазо ва қадар мункир шавад, гӯё асле аз усули шариъатро мункир шуда ва кофир гардидааст. Яке аз уламои салаф (р) мефармояд: «Бо қадария (мункирони қадр) ба василаи илм мунозар кунед, зеро агар аз қадар мункир шаванд кофир мешаванд ва агар ба он иқрор кунанд, ба ҳарфашон гирифта мешаванд».

Имон ба қазо ва қадар самароту паёмадҳои бисёр накӯ ва арзишманде дорад, ки фард ва ҷомеъаро ислоҳ мекунад, аз ҷумла:

Ибодатҳои мухталиф ва сифоти накӯ бабор меоварад, монанди ихлос барои Аллоҳи мутаъол, таваккал бар ӯ, тарс аз ӯ, умед аз ӯ, ҳусни зан нисбат ба ӯ таъоло, сабру таҳаммул дар баробари мушкилот, мубориза бо ноумедӣ, розӣ шудан ба Худойи Аллоҳ, шукри ӯ таъолоро ба ҷо овардан, ба фазлу раҳматаш хушҳол шудан, дар баробари зоти ягонааш, тавозӯъ ва фурӯтанӣ намудан, ҳар гуна такаббур ва худписандиро тарк кардан, ба хотири ризои Парвардигор дар корҳои хайр харҷ кардан, шуҷоъату диловарӣ, қаноъату иззати нафс, ҳиммати воло ва ҷиддият, дар ҳама ҳол миёнаравӣ пеша кардан, аз ҳасад дурӣ намудан ва озод шудани ақлу андеша аз хурофоту ваҳмпарастӣ ва итминони қалб ва оромиши хотир ва ғайра.

Касе, ки ба қазо ва қадар имон дорад, дар зиндагияш дурӯст ҳаракат мекунад, на ҳеҷ неъмате ӯро мағрӯр ва на ҳеҷ мушкиле маъюсаш мекунад ва яқини комил дорад, ки мушкил ва сахтие, ки ба ӯ расида, аз тарафи Аллоҳ озмоиш аст ва ин тақдири Илоҳист, бинобарин ба ҷои бесабрӣ ва ҷазаъу фазаъ, сабр мекунад ва аҷрашро аз Аллоҳи мутаъол металабад.

Ин, ки аз асбоби гумроҳӣ ва сӯи хотима ҳимоят мешавад, зеро имон ба тақдир ӯро водор ба муҷоҳада мекунад. Муҷоҳадаи доим бар истиқомат ва пойдорӣ ва касрати анҷоми аъмоли солеҳ ва накӯ ва парҳез аз ҳар навъ гуноҳу нофармонӣ.

Имон ба тақдир мӯминро омода мекунад, то ин ки дар баробари мусибатҳо ва мушкилот муқовимат кунад ва дар баробари ҳар гуна сахтӣ ва душворӣ бо қувввати қалб ва яқини комил биистад ва дар айни ҳол аз асбоб низ кор бигирад.

Расули гиромӣ (с) мефармояд:

«عجباً لامر المؤمن إن أمره كله له خير، وليس ذلك إلا للمؤمن، إن أصابته سرّاء شكر فكان خيرا له، وإن أصابته ضرّاء صبر فكان خير له» . (صحيح مسلم شماره 2999).

«Ҳолати мӯмин аҷиб аст! ҳар кораш барои ӯ хайр аст ва ин ҷуз барои мӯмин барои каси дигаре нест, агар амри хурсандкунандае барояш бирасад, шукр мекунад, ки ин кор барояш хайр аст, ва агар амри нописанде ба ӯ бирасад, сабр мекунад, ки ин низ барояш хайр аст». (Саҳеҳи Муслим 2999).

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم صل على محمد وعلى آل محمد كما صليت على إبراهيم وعلى آل إبراهيم إنك حميد مجيد، اللهم بارك على محمد وعلى آل محمد كما باركت على إبراهيم وعلى آل إبراهيم إنك حميد مجيد.

عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.