islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Иртиботи қалбӣ бо Аллоҳи мутаъол


3263
Дарс Тавсифи
Имон ба рӯзи қиёмат, рукне аз аркони имон аст ва имони фард ба рӯзи қиёмат комил намешавад, магар он ки ба нишонаҳи қиёмат, ки Расули Аллоҳ (с) ба мо хабар дода, низ имон биёварем ва қиёмат баъд аз вуқуъи ин нишонаҳо барпо хоҳад шуд.Ва то ба ҳол бисёре аз нишонаҳои қиёмат намоён гаштааст, ки нишондиҳандаи наздикии вуқуъи қиёмат аст ва бар бандагон лозим аст, ки ба динашон баргарданд ва ба сӯйи парвардигорашон руҷуъ кунанд, зеро ҳангоме, ки қиёмат барпо шуд, имон овардани касе, ки қаблан имон надошта, нафъе надорад.

الحمد لله منزل الكتاب، هدى وذكرى لأولي الألباب، والصلاة والسلام على نبينا محمد المفضل على البشر بجوامع الخطاب، وعلى آله المطهرين والأصحاب.

وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمداً عبده ورسوله شهادة تنجي صاحبها يوم الحساب.

( يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالًا كَثِيرًا وَنِسَاءً وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي تَسَاءَلُونَ بِهِ وَالْأَرْحَامَ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيبًا 1 ) [النساء: 1]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 ) [آل عمران: 102]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَقُولُوا قَوْلًا سَدِيدًا70 يُصْلِحْ لَكُمْ أَعْمَالَكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَمَنْ يُطِعِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ فَازَ فَوْزًا عَظِيمًا 71 ) [الأحزاب:70 - 71]

أما بعد:

Расули Акрам (с) колбаде аз хубӣ ва сифоти воло ва дар ҳақиқат Қуръони зинда буданд, ки бо ду пой рӯи замини хокӣ байни инсонҳо қадам мезаданд ва касеро тавони шумурдани сифоти хуби эшон, нест. Расули Акрам (с) таҷассуми хубиҳо ва зебоиҳо буданд ва ҳар ҳаракаташон, шоёни мадҳу сано.

Аз ин дарёи бесоҳил, хубиҳое чун дурр ва марворид берун мекашем.

Ахлоқи писандида ва некуи он ҳазрат (с) ва сифоти камолаш, аз чунон мақоми волое бархурдор буд, ки Парвардигори оламиён дар васфаш чунин фармуданд:

(وَإِنَّكَ لَعَلى خُلُقٍ عَظِيمٍ 4 ) [القلم: 4]

"Бешак ту, дорои хуй ва сифоти писандида ва афъоли ҳамида ҳастӣ".

Албатта ҳеҷ ҷои таъаҷҷубе нест, чун худашон фармуданд:

«إِنَّمَا بُعِثْتُ لِأُتَمِّمَ مَكَارِمَ الْأَخْلَاقِ».

"Аллоҳ маро барангехт, то макорими ахлоқро комил кунам" .

Дар раҳмат ва меҳру шафқат ба миллати Ислом ва ба тамоми башарият, намуде буданд аз оқойи ва сарварӣ, то онҷо, ки нидои осмон дар ҳаққи эшон чунин фармуд:

( وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا رَحْمَةً لِلْعَالَمِينَ 107 ) [الأنبياء: 107]

«Ва туро ҷуз раҳмат барои ҷаҳониён, нафиристодем».

Аллоҳи мутаъол дар ҷои дигар мефармояд:

( وَكَانَ بِالْمُؤْمِنِينَ رَحِيمًا 43 ) [الأحزاب: 43]

«Ӯ нисбат ба мӯминон ҳамвора меҳрубон будааст».

Ва дар сураи мубораки Оли Имрон омадаст:

( فَبِمَا رَحْمَةٍ مِنَ اللَّهِ لِنْتَ لَهُمْ وَلَوْ كُنْتَ فَظًّا غَلِيظَ الْقَلْبِ لَانْفَضُّوا مِنْ حَوْلِكَ) [آل عمران: 159]

«(Эй Паёмбар!) пас ба меҳру раҳмате аз сӯи Аллоҳ бо онон нармхуй шудӣ ва агар дуруштхуй ва сахтдил будӣ, аз гирду атрофат пароканда мешуданд».

Ва худи он ҳазрат низ дар бораи хеш чунин фармуданд:

«يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّمَا أَنَا رَحْمَةٌ مُهْدَاةٌ».

«Эй мардум! Ман раҳмате ҳастам, ки ба инсоният ҳадя шудаам!» .

Оре, Эй мусалмонон! бо ин ахлоқи накӯ ва писандида буд, ки Расули Акрам (с) тавонист ба дилҳо нуфӯз кунанд ва инсонҳоро шефтаи худ намоянд.

Анас бин Молик, ёр ва ҳамроҳи Паёмбар (с) ривоят мекунад: Рӯзе ҳамроҳ бо Расули Аллоҳ (с) дар масҷид будем. Марди рустойи аз роҳ расид ва дар гӯшаи масҷид шурӯъ ба идрор кардан (пешоб) кард. Ёрони Паёмбар (с) аз дидани ин саҳна ҳайрон шуда, дод задан: вой... вой? Паёмбар (с) фармуданд: Раҳояш кунед, ваҳшатзадааш накунед! Ҳама сокит шуданд, то рустойи бемалол корашро тамом кард, сипас Паёмбар (с) бар нармӣ ӯро садо зада, бо латофату меҳрубонӣ ба ӯ гуфт: «Ин масҷид аст ва хонаи Парвардигор аст ва дар он пешоб кардан ва ахлот рехтан, раво нест, масҷид ҷои ибодату зикр ва ниёиши Парвардигор ва тиловати Қуръон аст». Сипас якеро фиристоданд то сатели обе оварда, ба ҷое, ки наҷас шуда буд, бирезад» .

Аз тасовири меҳру сарварии Оқоямон ба ин ҳикоят гӯш фаро диҳед:

Ҷавоне парешону мастбодае, хидмати он ҳазрат (с) расид ва гуфт: Эй Расули Аллоҳ! Ба ман иҷоза бидеҳ, зино кунам! Афроде, ки дар онҷо буданд, бисёр хашмгин шуда, сараш дод кашиданд, бас кун, ин чӣ ҳарфест ва... Паёмбар (с) бо камоли оромиш ва меҳру утуфат ба ҷавон фармуданд: «Биё наздики ман бинишин!». Он ҷавон ба Паёмбар (с) наздик шуд, он ҳазрат ба оромӣ ба ӯ фармуданд: оё зиноро барои модарат меписандӣ? Ҷавон шармсор ва парешон гуфт: Қурбонат шавам сарварам, на ба Аллоҳ қасам!. Паёмбар (с) ба оромӣ фармуданд: «Ва ҳамчунин дигарон барои модаронашон намеписанданд, оё фоҳишаро барои духтарат меписандӣ?», ҷавон ҳайратзада гуфт: фидоят шавам сарварам, на ба Аллоҳ савганд. Расули Аллоҳ (с) бо камоли оромиш ба ӯ фармуданд: «Ва ҳамчунин мардум онро барои духтаронашон намеписанданд, оё зиноро бо хоҳарат раво медорӣ?», ҷавон бо шармандагӣ гуфт: қурбонат шавам сарварам, на ба Аллоҳ савганд!. Паёмбар (с) фармуданд: «Ва ҳамчунин дигарон онро барои хоҳаронашон раво намедонанд, оё фоҳишаро барои аммаҳоят меписандӣ?», ҷавон парешон гуфт: на ба Аллоҳ савганд, фидоят шавам. Паёмбар (с) фармуданд: «Ва ҳамчунин дигар мардум онро барои аммаҳояшон қабул намекунанд, оё барои холаҳоят раво медорӣ?», ҷавон саршикаста гуфт: На қасам ба Парвардигорам, Илоҳо фидоят шавам. Расули Аллоҳ фармуданд: Ва ҳамчунин дигар мардум онро барои холаҳояшон раво намедоранд».

Сипас бо камоли меҳру шафқати падарӣ, дастони муборакашонро бар синаи ҷавон гузошт ва ба даргоҳи Парвардигори оламиён дуо карданд: Бори Илоҳо! Гуноҳони ин мардро биёмӯрз ва қалбашро пок гардон ва шармгоҳашро ҳифозат кун».

Аз он рӯз ба баъд он ҷавон бисёр накукор ва парҳезгор гашта, ҳаргиз бо чашми бад ба духтарҳои мардум, нигоҳ накард» .

Инаст равиши оқо ва сарварам, Расули Аллоҳ (с)...

Бо ин услуби зебо ва бо меҳру шафқати падарӣ, Паёмбар (с) ба қалби он ҷавон, роҳ пайдо карда, зиштӣ ва қабоҳати ончиро, ки дар пай он буд, барои ӯ равшан сохт ва ин боис шуд, ӯ ҷавони парҳезгор ва покдоману худотарс шавад.

Бародарону хоҳарони азиз: иртиботи қалбӣ бо Аллоҳи мутаъол ҳам яке аз неъматҳои бузурги Парвардигори мутаъол мебошад ва ин иртибот ба сабаби аъмоле муяссар мегардад, ки холис барои Аллоҳи мутаъол бошад, аъмоли қалбӣ бисёр муҳим аст, чаро ки инсон бо он метавонад, назди Аллоҳи мутаъол ба дараҷаҳое ноил шавад, дар ҳоле, ки нишаста бошад ва амалан коре анҷом надода бошад, албатта ин бадин маъно нест, ки ҳаргиз кори неке анҷом надиҳад ва ҳаргиз намозе нахонад, на, балки мумкин аст касони дигаре бошанд, ки бештар аз шумо кор кунанд, яъне бештар намоз бихонанд, садақа бидиҳанд ва ҳаҷ кунанд, масоҷидро покиза нигоҳ доранд ва тоъатҳои дигар анҷом диҳанд, аммо аз лиҳози мартаба ва дараҷаи поёнтар аз шумо бошанд, чаро?!.

Зеро шумо бо аъмоли дил метавонед назди Аллоҳи мутаъол маротиби болотареро ба даст биёваред ва аз он ҷиҳат, ки кори дил худ дар бисёре мавоқеъ бештар аз кори андомҳои дигар, инсонро боло мебарад.

Барои намуна, Абӯбакри Сиддиқ (р) ба хотири ин, ки бештар аз ҳама намози шаб, рӯза ва шабзиндадорӣ дошт, аз уммати Исломӣ пеш наафтодааст, зеро чӣ басо дар миёни онҳо касони дигаре ҳам буданд, ки аз Абӯбакр (р) бештар ибодат мекарданд, аммо Абӯбакр (р) ба хотири чизе, ки дар дилаш ором гирифта буд, гӯё сабқат аз онҳо рабуд.

Пас агар ин аъмол дар синаи инсон таҳқиқ ёбад, ӯро аз касоне, ки онро надоранд, болотар мебарад... ин чизҳоест, ки бояд ба он таваҷҷӯҳ дошт. Шумо вақте намоз мехонед, бармехезед ва рукӯъ мекунед, рӯза мегиред, меоед ва меравед, рамйи ҷамарот мекунед, даври Каъба мегардед, вузӯ мекунед. Инҳо аъмоли андомҳои бадан аст. Дар қазияи дил, корҳое ҳаст, ки аз инҳо кам аҳамияттар нест, балки болотар ва волотар аз он аст, бо вуҷуди ин, ки лозим аст, ин ду бо ҳам ҷамъ гарданд.

Аммо гоҳе инсон бо зиракӣ, тафаккур ва имони хеш ба маротибе мерасад, болотар аз касе, ки бештар аз ӯ аъмоли зоҳирӣ дорад. Ибни Қайим (р) мефармояд: «Роҳи хушнӯдӣ ва муҳаббат, инсонро ҳаракат медиҳад, ҳар чанд ӯ дар бистари худ оромида бошад ва чанд марҳала ӯро пеш мебарад» .

Агар инсон бо хештани хеш бияндешад ва дар даруни худ бигӯяд, ҳар иттифоқе бияфтад, аз Парвардигор хушнӯд аст, мутмаъин аст, ки ин барои ӯ беҳтар аст ва бигӯяд: Парвардигоро беҳтар медонӣ, ман намедонам, ту донои мутлақ ҳастӣ, ман нотавонам, ту тавонои, соҳиби иззат ҳастӣ ва ман хору бемиқдор ва ҳамчунон дар дили худ ин эҳсосро дошта бошад ва бо худ такрор кунад, дар дилаш ин эҳсосотро бипарваронад, яъне таъаммул ва тафаккур, ҳамин ӯро назди Аллоҳи Азза ва Ҷалла ба дараҷоти волое мерасонад, ӯро ба Аллоҳи мутаъол наздик мегардонад, ҳар чанд дигарон аз лиҳози корҳои физикӣ аз ӯ фаъолтар бошанд.

Бародарон ва хоҳарони мусалмон! Дунё хонаест, ки аз сахтӣ ва дард холӣ нест ва инсон дар он аз ғаму ғӯса дар амон намемонад. Расули Акрам (с) мефармояд:

«الدُّنْيَا سِجْنُ الْمُؤْمِنِ، وَجَنَّةُ الْكَافِرِ»(مسلم)

«Дунё зиндони мӯмин ва биҳишти кофир аст». (Муслим)

Он ки дар ҳоли аҳли ин замона таъаммул кунед, хоҳед дид, афсурдагӣ ва дилтангӣ ва нигаронӣ ба иллати дилмашғулиҳои фаровон ва бемориҳои мухталифи равонӣ, бисёр шудааст, то ҷое, ки кори бархе аз онон ба худкушӣ расида аст. Барои ҳамин ба шиддат ниёз аст, то равишу манҳаҷе, ки боиси ба вуҷуд омадани «ҳаёти тайиба» ва зиндагии хуш мешавад, шинохта шавад. Равише, ки ба воситаи он синаҳо гушуда шуда ва шодӣ ва хурсандию сурур ба бор оварад.

Бародарон ва хоҳарон!... ин таъаммулест дар асбоби ба даст омадани ин хостаҳои боарзиш ва ин маъонии баланд, бар асоси манҳаҷи ду «ваҳй», яъне Китоб ва Суннат ва Сирати сарвар, Паёмбар (с).

Нахустини ин асбоб, таҳаққуқ ёфтани имон ба Аллоҳ аст. имоне, ки муҳаббати Аллоҳ ва Расулашро ба вуҷуд меоварад ва ин, ки тарсу умедро танҳо барои Аллоҳ, қарор диҳем ва корҳоро ба ӯ биспорем ва дар канори худуди ӯ биистем ва аз он таҷовуз накунем.

( مَنْ عَمِلَ صَالِحًا مِنْ ذَكَرٍ أَوْ أُنْثَى وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَلَنُحْيِيَنَّهُ حَيَاةً طَيِّبَةً وَلَنَجْزِيَنَّهُمْ أَجْرَهُمْ بِأَحْسَنِ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ 97 ) [النحل: 97]

«Ҳар кас аз марду зан, корҳои шоиста кунад ва мӯмин бошад, қатъан ӯро бо зиндагии покизае ҳаёти (ҳақиқӣ) бахшем ва мусалламан ба онон аз он чӣ медоданд, подош хоҳем дод».

( وَمَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجًا 2 ) [الطلاق: 2]

«... Ва ҳар, ки тақвои Аллоҳро пеша кунад, (Аллоҳ) барояш роҳи берун рафте, қарор хоҳад дод».

Саъодат ва хушбахтӣ дар тоъати Илоҳист ва шодию сурур дар ибодати ӯ. Аз сӯи дигар, бадбахтӣ бо ҳама маъонияш ва тангию сахтии зиндагӣ ба мафҳуми комили худ, дар ширк ба Аллоҳ ва бидъат дар дин ва дар гуноҳон ва бадиҳост. Он чӣ инсони бадкор дучори он мешавад, монанди дилтангӣ ва сангдилӣ ва ғаму ғӯса, танҳо муҷозотест, зудҳангом ва чунон, ки Ибни Қайим (р) мефармояд: «Ҷаҳаннамест дар дунё ва пеш аз охират».

Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( وَمَنْ أَعْرَضَ عَنْ ذِكْرِي فَإِنَّ لَهُ مَعِيشَةً ضَنْكًا ) [طه: 124]

«Ҳар кас аз зикри (ёди) ман рӯй бигардонад, дар ҳақиқат зиндагии танг (ва сахте) хоҳад дошт».

Эй инсони мусалмон! Бидон, танҳо касе, ки тадбири умур дар дасти ӯст, Аллоҳи мутаъол мебошад ва ӯ нисбат ба бандаи мӯминаш аз худаш низ меҳрубонтар аст, пас дар баробари ӯ саҷда биёвар ва ба ӯ эътимод кун ва ба фазлу карами ӯ умедвор бош, то зиндагиат хуш шавад ва қалбат ором гирад ва шодият афзун шавад ва агар бар Аллоҳ таваккал кардаи, худро асири хаёлот ва авҳоми бад, макун.

( وَمَنْ يَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ فَهُوَ حَسْبُهُ ) [الطلاق: 3]

«Ва ҳар кас бар Аллоҳ таваккал кунад, ӯ барои вай бас аст».

Яъне, Аллоҳ ӯро дар ҳамаи корҳояш ва дар ҳамаи чизҳое, ки барояш муҳим аст, кофӣ хоҳад буд».

Сабаби дуввум барои ба даст овардани хушбахтӣ, сабур будан аст, дар ҳангоми мусибатҳо ва тангноҳо... Расули Акрам (с) мефармояд:

«عَجَبًا لِأَمْرِ الْمُؤْمِنِ، إِنَّ أَمْرَهُ كُلَّهُ خَيْرٌ، وَلَيْسَ ذَاكَ لِأَحَدٍ إِلَّا لِلْمُؤْمِنِ، إِنْ أَصَابَتْهُ سَرَّاءُ شَكَرَ، فَكَانَ خَيْرًا لَهُ، وَإِنْ أَصَابَتْهُ ضَرَّاءُ، صَبَرَ فَكَانَ خَيْرًا لَهُ» (مسلم)

«Аҷибаст кори мӯмин, ки ҳамаи умураш барояш хайр аст ва ин хусусият нест магар барои инсони мӯмин, ки агар хубӣ ва хушӣ ба ӯ бирасад, шукр кунад, ки ин барояш хайр хоҳад буд ва агар нохушӣ ва зиёне ба ӯ расад, сабр кард, ки ин низ барояш, хайр хоҳад шуд». (ба ривояти имом Муслим)

أقول قولي هذا، وأستغفر الله لي ولكم، فاستغفروه إنه هو الغفور الرحيم.

الحَمْدُ لِلهِ رَبِّ العَالمِينْ، وَالصَّلاَةُ وَالسَّلاَمُ عَلىَ نَبِينّا مُحَمّدٍ، وَعَلى آلِهِ وَأصْحَابهِ وَمَنْ دَعَا بِدَعْوَتِهِ إلىَ يَوْمِ الدِّيْن. أمّا بعد:

Аллоҳи субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:

( إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ إِخْوَةٌ فَأَصْلِحُوا بَيْنَ أَخَوَيْكُمْ ) [الحجرات: 10]

«Дар ҳақиқат мӯминон бо ҳам бародаранд, пас миёни бародаронатон сулҳу сафо, барқарор кунед».

Дар саҳеҳи Муслим аз Расули Аллоҳ (с) ривоят шуда, ки фармуданд:

«المُسْلِمُ أَخُو المُسْلِمِ لاَ يَظْلِمُهُ وَلاَ يُسْلِمُهُ».

"Мусалмон бародари мусалмон аст, на бар ӯ ситам мекунад ва на ӯро вомегузорад ва на ӯро ба душман таслим мекунад".

Аз сӯи дигар хулқу хӯйи мардум, мутафовит буда, илму заковат ва мизоҷу идрокашон, мухталиф ва орзӯҳо ва рӯйкардҳояшон, гуногун аст... ва ҳамин амр боис мешавад, ки даъватгар ба интихоби роҳ (барои барқарории иртибот ва даъват) бипардозад ва роҳҳои муносиб барои ҳар як, аз ин сириштҳои мухталиф ва ақлҳои мутафовитро, баргузинад.

Оре! баъзе аз мардум зуд хашмгин мешаванд ва баъзе нармхӯтаранд, баъзе таҳсилкарда ва баъзе бесавод, баъзе дар ҷомеъа боқадру манзалатанд ва бархи дигар беқадр.

Ва балки Алӣ (р) дар баёне дар тавсифи қулуб ба сурати куллӣ мефармояд: "Ҳамаи қалбҳо ваҳшӣ ва ромнашуданиянд ва ҳар касе бо онҳо улфат ёбад, ба ӯ истиқбол нишон медиҳанд".

Алӣ (р) онҳоро ба ҳайвоноти ғайри аҳлӣ ташбеҳ карда, ки ба сурати сириште, улфат намешиносанд ва ин масъала дар майдони насиҳат ва даъват ошкор мегардад, валлоҳу аълам.

Оё касе розӣ мешавад, ки ҷаҳл ё ноогоҳӣ ва тасарруфи ношоиста дар корҳоро ба ӯ нисбат диҳем. Инсоне, ки ҷоҳил хонда шавад, ба шиддат хашмгин мегардад ва лизо мебинем, чунон чӣ иштибоҳоте ба ӯ гӯшзад шавад, асабонӣ мегардад ва баъд аз ин, ки ба ҳақиқат пай барад, дар садади муқобала бо он бар мехезад, аз тарси он, ки мабодо ҷаҳли (гузаштааш) ошкор гардад.

Дар маҷол ва арсаи даъват, шахсе, ки дар садади эҷоди иртибот ва наздикӣ бо ӯ ҳастем, дурӣ мегузинад, балки шояд ба ангезаи дифоъ аз худ, азият ва озор ҳам бирасонад ва ҳар кас, ки дар тарбият додани ғайри аҳлиҳо, ҳикмат ва басират ба кор барад, иншоааллоҳ дар ҳидоят кардани мардум, муваффақ хоҳад буд.

Касе тарбияти муваффақе дорад, ки бар ҷанбаи хуби мавҷуд, дар мардум таъкид карда, бидуни иртикоби риё, бо хотири иноят ва эҳтимом ба тарбиятёфтагонаш иштибоҳот ва ҳамоқатҳояшро нодида бигирад, то ин, ки ба сарчашмаи хайру некӣ дар дарунашон, нуфуз мекунад, дар ин ҳангом донаи муҳаббат дар дили тарбиятёфтагон кошта ва эътимодашонро ҷалб кардааст.

Миқдори васеъгии садр ва иҳота ба сиришти инсонҳо, зомини хайр дар мардум аст, ба гунае, ки теъдоди зиёде гумонашро намебаранд, бояд мулоҳазаи тавонмандиҳои даъватшуда ва муставои эҳсосоташро низ изофа кард, чизе ба ӯ гуфта нашавад, ки ақлаш тавонои ҳазми онро надорад, ки натиҷаи он ё нафрат ва саргардонист ва ё парешонии хотир ва андеша ва афтодан дар торикии фитна ва ошӯб.

Интихоби авқоти муносиб, яке аз нишонаҳои бузург ва таъсиргузори ҳикмат ва вуҷуди онаст, ки баёни ҷомеъе аз Ибни Масъуд (р) онро мутабалвар намудааст: қалби мардум, гоҳе мутамоил буда, иқбол мекунанд ва гоҳе ҳам пушт карда ва буридаанд, ба ҳангоми тамоюл ва иқболашон, ононро дарёбед ва ба ҳангоми буридан ва пушт кардан, раҳояшон созед.

Дар муқобил, масоиле, ки дар мавриди асноф ва табақоти мардум, хулуқ ва хӯйҳои мутафовити мардум ва мулоҳизаи воқеъаҳо ва муносибатҳо ва ғайра гуфтем. Диққати назар дар мавриди он чизе, ки ба сӯяш даъват мекунем, низ басо муҳим аст ва бешак, ҳикмат муқтазои таъаммул дар маротиби умури даъват аст, то ин ки ба тартиб аҳамият арза шаванд ва лизо қазияҳои ақида ва усули дин ва ойин, дар дараҷаи аввал, қарор мегирад, зеро агар ин масоил дар бандае саҳеҳ набошанд, кори нек ва амали шоиста барояш судманд нахоҳад буд:

( قُلْ هَلْ نُنَبِّئُكُمْ بِالْأَخْسَرِينَ أَعْمَالًا 103 الَّذِينَ ضَلَّ سَعْيُهُمْ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَهُمْ يَحْسَبُونَ أَنَّهُمْ يُحْسِنُونَ صُنْعًا 104 أُولَئِكَ الَّذِينَ كَفَرُوا بِآَيَاتِ رَبِّهِمْ وَلِقَائِهِ فَحَبِطَتْ أَعْمَالُهُمْ فَلَا نُقِيمُ لَهُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَزْنًا 105 ) [الكهف:103 - 105]

"Бигӯ: оё ба шумо хабар надиҳам, зиёнкортарини мардум кист? Касоне ҳастанд, ки кӯшишҳояшон дар зиндагии дунё, гум ва нобуд шуда, бо ин ҳол гумон мекунанд, ки кори нек анҷом медиҳанд. Онҳо касоне ҳастанд, ки ба оёти Парвардигорашон ва дидори ӯ кофир шуданд, ба хотири ҳамин куфр ба мабдаъ ва миъод, аъмолашон нобуд шуд. Лизо рӯзи қиёмат мизоне барои онон барпо нахоҳем кард".

Дар даъват ҳам куллиёт ҳаст ва ҳам ҷузъиёт, ҳам воҷибот ва ҳам мустаҳабот, ҳам муҳаррамот ва ҳам макрӯҳот, ҳам қазияҳои бузург ва ҳам қазоҳои кӯчак... Ҳар кадом бояд ҷойгоҳаш шинохта шуда ва сари ҷои худаш қарор дода шавад.

Гумон мекунам масъала возеҳтар аз он бошад, ки ниёз ба тафсили сухан бошад ва ба унвони санад ва мадрак, ба равиши Маъоз бин Ҷабал (р) бингарем, ки ба унвони намоянда ва фиристодаи Паёмбари Акрам (с) ба Яман рафт ва манҳаҷ ва равишро Паёмбар (с) бо ин фармудаи худ барояш тарсим кард:

«إِنَّكَ تَقْدَمُ عَلَى قَوْمٍ مِنْ أَهْلِ الكِتَابِ، فَلْيَكُنْ أَوَّلَ مَا تَدْعُوهُمْ إِلَى أَنْ يُوَحِّدُوا اللَّهَ تَعَالَى، فَإِذَا عَرَفُوا ذَلِكَ، فَأَخْبِرْهُمْ أَنَّ اللَّهَ قَدْ فَرَضَ عَلَيْهِمْ خَمْسَ صَلَوَاتٍ فِي يَوْمِهِمْ وَلَيْلَتِهِمْ، فَإِذَا صَلَّوْا، فَأَخْبِرْهُمْ أَنَّ اللَّهَ افْتَرَضَ عَلَيْهِمْ زَكَاةً فِي أَمْوَالِهِمْ، تُؤْخَذُ مِنْ غَنِيِّهِمْ فَتُرَدُّ عَلَى فَقِيرِهِمْ». (بخاري)

«Ба дурустие, ки ба миёни қавме аз аҳли китоб меравӣ ва лизо аввалин чизе, ки бояд онҳоро ба сӯяш даъват кунӣ, шаҳодат ба ваҳдонияти Аллоҳ ва рисолати Муҳаммад (с) аст. Агар дар ин маврид итоъат карданд, ба онҳо ёд бидеҳ, ки Аллоҳ дар шабонарӯз панҷ вақт намоз бар онҳо фарз кардааст ва агар дар ин маврид итоъат карданд, пас ба онҳо ёд бидеҳ, ки Аллоҳ закотро бар онҳо фарз карда, аз сарватмандонашон гирифта шуда ва ба фақиронашон дода шавад». (Бухорӣ).

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه:

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم فصلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين.

اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم.

اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين.

اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.

عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.