islamkingdomtwitte islamkingdomyoutube islamkingdomfacebook


Насиҳат ва Амонат


5405
Дарс Тавсифи
Насиҳат асоси дин аст, зеро дин насиҳат аст ва насиҳат барои Аллоҳи мутаъол ва китоби Аллоҳи мутаъол ва Паёмбараш ва барои Айммаи муслимин ва ҳамаи онон аст ва замоне, ки фард дар ин умур насиҳатро ба ҷо оварад, динро ҳифз кардааст ва касе, ки дар яке аз ин умур насиҳатро ба ҷо наёварад, ҳамон андоза динаш нақс дорад ва бар ҳар мусалмон лозим аст ки амонатро дар насиҳаташ ҳифз кунад ва ҳақро бидуни дар назар гирифтани мавқеъияти афрод баён кунад, зеро вай дар муқобили Аллоҳи мутъаол бояд амин бошад.

Баёни ин, ки дин насиҳат аст.

Баёни маънои ҳақиқии насиҳат ва фазилати он.

Баёни маънои амонат ва фазоилу одоби он.

Барҳазар доштан аз тафрит дар насиҳат ва амонат.

Хутбаи аввал

الحمد لله منزل الكتاب، هدى وذكرى لأولي الألباب، والصلاة والسلام على نبينا محمد المفضل على البشر بجوامع الخطاب، وعلى آله المطهرين والأصحاب.

وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمداً عبده ورسوله، شهادة تنجي صاحبها يوم الحساب.

( يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالًا كَثِيرًا وَنِسَاءً وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي تَسَاءَلُونَ بِهِ وَالْأَرْحَامَ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيبًا 1 ) [النساء: 1]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 ) [آل عمران: 102]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَقُولُوا قَوْلًا سَدِيدًا70 يُصْلِحْ لَكُمْ أَعْمَالَكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَمَنْ يُطِعِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ فَازَ فَوْزًا عَظِيمًا 71 ) [الأحزاب:70 - 71]

أما بعد:

Аз Анас (с) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд:

«لاَ يُؤْمِنُ أَحَدُكُمْ، حَتَّى يُحِبَّ لِأَخِيهِ مَا يُحِبُّ لِنَفْسِهِ) .»متفق عليه)

«Касе аз шумо имон намеоварад, то ин ки он чиро барои худ дӯст медорад, барои бародари худ низ дӯст бидорад». (Муттафақун алайҳӣ).

Бародарӣ, рӯҳи имон ва чакидаи эҳсос аст. Бародарӣ ҳамон бароварда шудани амнияти фарогирест, ки дар ҳамаи ҷомеъа итминон ва сулҳро густарда месозад.

Эй мусалмон! Ҳар, ки инро ба дурустӣ дарк кунад ва тадаббур намояд, вазифаи худро дар бародараш хоҳад донист. Нишон додани содиқонаи бародарӣ маҳдӯд нест, аммо ҳамаи он дар як вожае бузург, ки маънои бузург ва осори чашмгир дорад, ҷамъ мешавад, ки ҳамон хайрхоҳӣ дар рафтор ва пазириши насиҳати дигарон ва насиҳати якдигар аст.

Бар асоси ин ҳақ, бародаратро насиҳат карда ва барои ӯ хайрхоҳӣ мекунӣ ва насиҳати ӯро пазируфта ва насиҳат кунандагонро дӯст хоҳӣ дошт. Насиҳат меъёри муҳаббати содиқона ва дӯстии холисона аст. Бародари ту касест, ки дар ҳаққи ту хайрхоҳӣ ва насиҳат намояд. Насиҳат калимаест фарогир ва маънои комили он иродаи хайр аст барои шахси муқобил ва роҳнамоии вай ба сӯи он ва бархазар доштани ӯ аз айбҳо ва инҳироф дар гуфтору кирдор ва рафтор бо дигарон...

Муҳаммад бин Наср (р) дар таърифи дақиқ ва зебо мегӯяд: «Насиҳат, яъне таваҷҷӯҳи қалб нисбат ба шахси насиҳатшуда, ҳар ки бошад ва муроқибат аз вай ва ислоҳи вай».

Ва ҳамин кофист, ки Паёмбари мо Муҳаммад (с) динро дар насиҳат хулоса карда ва онро се бор такрор намуда ва фармуданд:

«الدِّينُ النَّصِيحَةُ، الدِّينُ النَّصِيحَةُ، الدِّينُ النَّصِيحَةُ» قُلْنَا: لِمَنْ؟ قَالَ: «لِلَّهِ وَلِكِتَابِهِ وَلِرَسُولِهِ وَلِأَئِمَّةِ الْمُسْلِمِينَ وَعَامَّتِهِمْ».

«Дин насиҳат ва хайрхоҳист, дин насиҳат ва хайрхоҳист, дин насиҳат ва хайрхоҳист!. Гуфтем: барои ки эй Расули Аллоҳ? Фармуданд: Барои Аллоҳ ва барои китобаш ва барои Паёмбараш ва барои имомони мусалмон ва оммаи мусалмонон!».

Ибни Баттор (р) мефармояд: «Насиҳат ҳам дин номида мешавад ва ҳам Ислом».

Эй мусалмонон! Барои ҳеҷ кас, дорои ҳар мақому манзалате, ки бошад, мумкин нест, ки аз насиҳат биниёз шавад, ҳокиму олим ва муаллиму хонанда ва ғанию фақир ва марду зан ва дуру наздик, ҳамеша ва ҳама ҷо...

Насиҳат ва хайрхоҳӣ аз бузургтарин ҳуқуқ миёни мусалмонон аст. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Акрам (с) фармуданд:

«حَقُّ الْمُسْلِمِ عَلَى الْمُسْلِمِ سِتٌّ»، قِيلَ: مَا هُنَّ يَا رَسُولَ اللهِ؟، قَالَ: «إِذَا لَقِيتَهُ فَسَلِّمْ عَلَيْهِ، وَإِذَا دَعَاكَ فَأَجِبْهُ، وَإِذَا اسْتَنْصَحَكَ فَانْصَحْ لَهُ، وَإِذَا عَطَسَ فَحَمِدَ اللهَ فَسَمِّتْهُ، وَإِذَا مَرِضَ فَعُدْهُ وَإِذَا مَاتَ فَاتَّبِعْهُ.» (صحيح مسلم).

«Ҳаққи мусалмон бар мусалмон шаш чиз аст! гуфта шуд: ин шаш чиз кадомҳоянд? Фармуданд: «Ҳар бародари мусалмонро рӯ ба рӯ шудӣ, ба вай салом бигӯ ва агар туро даъват кард, даъваташро бипазир ва агар ба ту насиҳат ва хайрхоҳӣ кард, ту низ барояш хайрхоҳӣ кун ва агар атса зад ва «алҳамду лиллоҳ» гуфт, дар посухаш бигӯ: «يرحمك الله» ва агар бемор шуд, ба аёдаташ бирав ва агар вафот кард, дар ташеъи ҷанозаи вай ширкат кун”. (Саҳеҳи Муслим).

Ҷарир бин Абдуллоҳ Баҷалӣ (р) мефармояд:

«بَايَعْتُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَآله وسَلَّمَ عَلَى إِقَامِ الصَّلاَةِ، وَإِيتَاءِ الزَّكَاةِ، وَالنُّصْحِ لِكُلِّ مُسْلِمٍ». (متفق عليه)

«Бо Расули Худо (с) бар барпо доштани намоз ва додани закот ва хайрхоҳӣ барои ҳар мусалмон, байъат намудам». (Муттафақун алайҳӣ)

Ва аз Табаронӣ чунин ривоят шудааст, ки: «Ҳар, ки ба амри мусалмонон аҳамият надиҳад, аз онон нест ва ҳар ки шабу рӯзро сипарӣ кунад ва барои Аллоҳ ва Расулу Китобаш ва имоми мусалмонон ва умуми онон, хайрхоҳӣ наварзад, мӯмин нест».

Эй мусалмонон! Мисоли мӯмин дар баробари дигар мусалмонон ба монанди ду даст аст, ки ҳар як дигареро мешӯяд».

Абӯдардо (р) мегӯяд: «Агар бихоҳед шуморо насиҳат мекунам... маҳбубтарини бандагон назди Аллоҳ касонеанд, ки боиси дӯст доштани Аллоҳ назди мардум ва дӯст доштани мардум назди Аллоҳ мешаванд ва дар замин ба насиҳат ва хайрхоҳӣ талош меварзанд».

Абӯбакри Музаннӣ (р) мефармояд: «Абӯбакри Сиддиқ (р) бо намозу рӯзаи бисёр бар дигар асҳоби Расули Аллоҳ (с) пешӣ нагирифт, балки бо чизе, ки дар қалбаш буд, бар онон пешӣ гирифт». Ибни Убай (р) мефармояд: «Он чӣ дар қалби Абӯбакри Сиддиқ (р) буд, муҳаббати Аллоҳ ва хайрхоҳӣ барои бандагонаш буд».

Эй азизон! Мусалмон нисбат ба мусалмон, монанди як сохтмоне аст, ки ҳар як дигареро мегирад... онон бо якдигар дар некӣ ва тақво ҳамкорӣ мекунанд... ва ба сӯи ҳақу сабр тавсия мекунанд... ба маъруф амр мекунанд ва аз мункар боз медоранд... мусалмон бародари мусалмон аст... аврати ӯро мепӯшонад ва лағжиши ӯро мебахшад ва барои ӯ дилсӯзӣ мекунад ва узри ӯро мепазирад ва аз ғайбати ӯ ҷилавгирӣ мекунад ва ба насиҳат ва хайрхоҳӣ барои ӯ идома медиҳад ва дӯстии ӯро ҳифз менамояд ва даъвати ӯро посӯх мегӯяд ва ҳадияашро мепазирад ва дар муқобили хубияш аз вай ташаккур мекунад ва ҳоҷаташро рафъ мекунад ва гумшудаашро боз мегардонад, ӯро –ба душман- таслим намекунад ва аз кӯмакаш даст намекашад. Барои ӯ ҳамон чизеро меписандад, ки барои худ... барои ғамаш ғамгин мешавад ва барои шодияш, шод мешавад, ҳатто агар шодии ӯ ба зарараш бошад.

Мусалмон салоҳу растагорӣ ва муҳаббату ёрӣ ва дур кардани бадиҳо ва роҳнамойи ба сӯи манфиъатҳо ва омӯзиши умури дину дунёро барои бародаронаш, дӯст медорад ва бадиҳоро аз онон дур сохта ва аз фиребу ҳасад ба онон дурӣ меварзад ва барои фақирони онон исор меварзад ва ҳар як аз ононро, ки аз ҳақ дур шуданд, бо лутфу меҳрубонӣ ба ҳақ боз мегардонад.

Бародарон ва Хоҳарон! Уламо теъдоде аз одоберо, ки шоистааст дар ҳангоми насиҳат муроъот намуд, зикр намудаанд, аз ҷумла:

Ихлос дар хайрхоҳӣ барои шахси муқобил ва ҳирс бар он, талош дар роҳи он.

Бояд дар насиҳат аз лутфу осонгарӣ баҳра ҷуста шавад ва аз беҳтарин алфоз ва оромтарин ва беҳтарини онон истифода шавад ва дар беҳтарин авқот ва муносибтарин ҳолати мумкин, анҷом гирад.

Асл дар насиҳат инаст, ки дар ҳолати сиррӣ ва махфиёна анҷом гирад.

Имом Шофеъӣ (р) мефармояд: «Ҳар ки бародарашро дар ҳоли хилват насиҳат кунад, барои ӯ хайр хостааст ва ӯро боарзиш доштааст ва ҳар ки дар ҳолати аланӣ (назди дигарон) ӯро насиҳат кунад, ӯро беобрӯ карда ва сарзаниш намудааст. Шахси мӯмин дигаронро мепӯшонад ва насиҳат мекунад, аммо мунофиқ, ҳатки ҳурмат мекунад ва беобрӯ месозад».

Ибни Ҳазм (р) мефармояд: «Агар хостӣ насиҳат кунӣ, ба сурати махфиёна ва пинҳон насиҳат кун ва дар ҳолати аланӣ ва ба сурати ғайри мустақим насиҳат кун, на мустақим, магар ин, ки шахси муқобил нафаҳмад, дар он сурат бояд мустақим насиҳат кард».

Ҳамчунин шоиста аст, ки насиҳат бо ҳусни зан ва ёфтани узр ҳамроҳ бошад. Ибни Сирин (р) мефармояд: «Агар аз бародарат чизе ба ту расид, барояш узре биёвар... ва агар барои кори ӯ узре наёфтӣ, бигӯ: ҳатман узре дорад».

Ва ҳакимон гуфтанд: «Бо ҳеҷ кас бо чизе, ки бад мебинад, рӯбарӯ нашав, ҳатто агар қасди насиҳати ӯро дорӣ, зеро ин боиси танаффур ва қабул накардани насиҳт мешавад».

Ва дар поён, насиҳат сабабест барои интишори бародарӣ ва зиёд шудани улфату покии қалб ва насиҳткунанда дар дини Аллоҳ касест, ки миёни бандагони Аллоҳ улфат эҷод мекунад.

أقول قولي هذا، وأستغفر الله لي ولكم، فاستغفروه إنه هو الغفور الرحيم.

الحَمْدُ لِلهِ رَبِّ العَالمِينْ، وَالصَّلاَةُ وَالسَّلاَمُ عَلىَ نَبِينّا مُحَمّدٍ وَعَلى آلِهِ وَأصْحَابهِ وَمَنْ دَعَا بِدَعْوَتِهِ إلىَ يَوْمِ الدِّيْن، أمّا بعد:

«Эй мардум! Ин иҷтинобнопазир аст, ки ҳар як аз мо ба сӯи хӯшбахтӣ гароиш дорад... ҳоло кадом оқил аст, ки хӯшбахтии худро дар самти рост бубинад ва сипас роҳи чапро бипаймояд?!

Ва кист он, ки барои ба даст овардани саъодат накушад, ё онро нахоҳад?! Ҳар, ки дар пайи саъодат набошад, ё нодон аст ва ё бемор, ки ҳар ду эҳтимол талх аст ва ногувор...

Саъй барои хушбахтӣ амрест фитрӣ ва ғаризӣ, ки шариати Ислом бар он таъкид карда ва ба он ташвиқ мекунад. Аммо бояд донист, ки муҳимтарин анвоъи хушбахтӣ онаст, ки фарогир бошад, на маҳдуд ва васеъ бошад, на кӯчак. Агар бихоҳем ба беҳтарин роҳ хушбахтӣ ва бузургтарин ва судмандтарини онро ба даст ёбем, бояд ба сӯи Аллоҳи мутаъол биравем ва саъодати воқеъиро дар фаромини ӯ таъоло ҷустуҷӯ намоем. Бузургтарин амонат ҳамон амонат аст, ки Аллоҳи мутаъол онро бар осмонҳо ва замин арза кард, аммо онҳо аз бардоштани он сарбоз зада ва бар худ тарсиданд ва инсон онро бардошт ва ӯ бисёр ситамгору нодон буд.

( إِنَّا عَرَضْنَا الْأَمَانَةَ عَلَى السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَالْجِبَالِ فَأَبَيْنَ أَنْ يَحْمِلْنَهَا وَأَشْفَقْنَ مِنْهَا وَحَمَلَهَا الْإِنْسَانُ إِنَّهُ كَانَ ظَلُومًا جَهُولًا 72 ) [الأحزاب: 72]

«Ҳамоно мо амонатро бар осмонҳо ва замину кӯҳҳо пешкаш кардем, пас аз бардоштани он сарбоз заданд ва он ҳароснок шуданд ва инсон онро бардошт, бегумон ӯ ситамгори нодон буд».

Ин ҳамон амонати бузург аст... амонат ба мафҳуми васеъе, ки Аллоҳ ва Расулаш (с) аз мо хостаанд, ки зидди он хиёнат номида мешавад, бар асоси ҳамон маънои васеъе, ки Аллоҳ ва Расулаш моро аз он наҳй намудаанд.

То ҷое, ки арсаи амонат, ҳамаи он чӣ Аллоҳ бар бандагон дар дину номус, молу ақл ва ҷон, улуму маъориф, вилояту ҳукм, гувоҳӣ доданду қазоват, розу ҳисҳои панҷгона ва дигар чизҳоро дар бар гирад, ба гунае, ки «Қуртубӣ (р)» мефармояд: «Амонат ҳамаи вазоифи диниро дарбар мегирад.

Инсони амин «амин» шумурда нахоҳад шуд, магар ин, ки аз ҳамаи чизҳое, ки дар он ҳаққе надорад, даст бикашад ва ҳамаи ҳуқуқеро, ки дигарон бар гардани ӯ доранд, адо намуда ва нисбат ба ҳифзи он чӣ дар мавриди он амин пиндошта шудааст, ҳарис буда ва саҳлангорӣ накунад. Ҳар, ки ин хислатҳо дар вай бошад, дар доираи растагороне қарор хоҳанд гирифт, ки Аллоҳи Азза ва Ҷалла дар бораашон фармудааст:

( قَدْ أَفْلَحَ الْمُؤْمِنُونَ 1 ) [المؤمنون: 1]

«Ҳамоно мӯминон растагор шуданд».

То он ҷо, ки мефармояд:

( وَالَّذِينَ هُمْ لِأَمَانَاتِهِمْ وَعَهْدِهِمْ رَاعُونَ 8 ) [المؤمنون: 8]

«Ва ононе, ки амонатҳо ва паймони худро риъоят мекунанд».

Амонат аз навовариҳои шариъати Муҳаммад (с) нест, балки ин хислат аз боризтарин ахлоқи Паёмбарон аст. Бубинед, Нӯҳ ва Ҳуд ва Солеҳ ва Лут (алайҳимуссалом) ҳар як ба қавмаш чунин фармудаанд, ки:

( إِنِّي لَكُمْ رَسُولٌ أَمِينٌ 162 ) [الشعراء: 162]

«Ман барои шумо Паёмбари амонатдор ҳастам».

Ва Паёмбари мо (с) назди қавми хеш ба лақаби «содиқ ва амин» маърӯф буд. Аллоҳ Азза ва Ҷалла низ ин сифатро барои Ҷибрил (а) зикр намуда ва фармудааст:

( نَزَلَ بِهِ الرُّوحُ الْأَمِين ُ 193 ) [الشعراء: 193]

«Онро Рӯҳуламин (Ҷибрил) нозил кардааст».

Бархе аз инсонҳо дар фаҳми маънои амонатдорӣ дучори иштибоҳ ҳастанд ва онро танҳо дар ҳифзи амонатҳои молӣ ва моддии маҳдуд мебинанд. Онон бо ин фаҳми худ дар воқеъ мафҳуми бисёр васеъеро маҳдуд намудаанд, дар ҳоле, ки ин бардошт аз амонат танҳо навъе аз анвоъи бешумори амонатдориро шомил мекунад.

Анҷоми вазифа як навъ, амонатдорӣ аст. Тарки он чӣ Аллоҳ наҳй намуда, як навъ амонат аст, амри ба маъруф, амонатдорист, наҳй аз мункар амонат аст, ҳукумату қазоват амонат аст, риъояти ҳуқуқ амонат аст, илм амонат аст, ҳимоят аз дин ва ҳифзи он, амонат аст ва ҳифзи сарзамини мусалмонон ва ҳимоят аз дороиҳои ҷомеъа, низ амонат аст...

Ҳамаи ин амонатҳо бо анҷоми он чӣ ба масолеҳи он аст ва дур кардани он чӣ ба зиён аст ва адами хиёнат ба уммат дар заминаи он ба таҳқиқ мерасанд:

( إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ مَنْ كَانَ خَوَّانًا أَثِيمًا 107 ) [النساء: 107]

«Ҳамоно, Аллоҳ ҳар касеро, ки хиёнатгару гуноҳпеша бошад, дӯст намедорад».

Агар ба маънои амонат нигоҳе биандозем, дар он маънои амн ва итмеънонро хоҳем ёфт, гӯё ин ки бо таҳаққуқи амонат ба равиши саҳеҳ, амн ва оромишу истиқрор вобаста ба он аст... мумкин нест шахси золим ба амнияти дарунӣ даст ёбад, ё инсони гунаҳгор, осӯдахотир шавад ва ё шахси хиёнаткор ва мунофиқ хушбахтиро ба даст оварад...

Дар ҳоле, ки Қуръон амонатро дар ҷойҳои бисёре зикр кардааст, дар ҳамин ҳол аз зидди он, яъне хиёнат бар ҳазар дошта ва нисбат ба он ҳушдор дода аст:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا لَا تَخُونُوا اللَّهَ وَالرَّسُولَ وَتَخُونُوا أَمَانَاتِكُمْ وَأَنْتُمْ تَعْلَمُونَ 27 ) [الأنفال: 27]

«Эй касоне, ки имон овардаед! Ба Аллоҳ ва Паёмбари ӯ хиёнат макунед ва (низ) дар амонатҳои худ хиёнат наварзед, дар ҳоле, ки худ медонед».

Ва фармудааст:

( وَأَنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي كَيْدَ الْخَائِنِينَ 52 ) [يوسف: 52]

«... Ва Аллоҳ найранги хоинонро ба ҷое намерасонад».

Барои зишт донистан ва танаффур аз хиёнат ҳамин кофист, ки бидонем, ин хислат сабаби вуруд ба ҷаҳаннам ва оқибати бад аст, чунон чӣ Аллоҳ бо мисол овардан аз ду зан аз занони Паёмбарон барои оқибати бади ин хислат мисол овардааст:

( ضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا لِلَّذِينَ كَفَرُوا اِمْرَأَةَ نُوحٍ وَامْرَأَةَ لُوطٍ كَانَتَا تَحْتَ عَبْدَيْنِ مِنْ عِبَادِنَا صَالِحَيْنِ فَخَانَتَاهُمَا فَلَمْ يُغْنِيَا عَنْهُمَا مِنَ اللَّهِ شَيْئًا وَقِيلَ ادْخُلَا النَّارَ مَعَ الدَّاخِلِينَ 10 ) [التحريم: 10]

«Худо барои кофирон мисоли зани Нӯҳу зани Лутро меоварад, ки ҳар ду дар никоҳи ду тан аз бандагони солеҳи Мо буданд ва ба он ду хиёнат карданд, Ва онҳо натавонистанд аз занони худ дафъи азоб кунанд ва гуфта шуд: «Бо дигарон ба оташ дароед!»

Яъне он ду, ба Паёмбар дар дин хиёнат мекарданд, кори онон ин буд, ки дар мавриди касоне, ки имон оварда буданд, ба қавми кофири хеш иттилоъ медоданд.

Ин оташи ҷаҳаннам аст... эй касе, ки дар амонат хиёнат варзидаи... ин оташи ҷаҳаннам аст... ин азоби дарднок аст, эй ин, ки нисбат ба Парвардигорат ва вали амрат ва умат ва худат хиёнати аъмол доштаи... Расули Аллоҳ (с) масъулиятҳоро амонат дониста ва аз касоне, ки тавони онро доштанд ва онро ба хубӣ ба анҷом мерасонанд, барои анҷоми масъулиятҳо даъват мекунад ва онро аз касоне, ки дар анҷоми он заъиф буданд, боз дошт. Ҳар ки аз сӯи валии амр масъулияте дода шуд ва онро ба бадӣ анҷом дод, хоин аст ва дар ҳаққи амонат ва дар ҳаққи валии амр ва мардум хиёнат варзидааст, ва Аллоҳи мефармояд:

( إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ الْخَائِنِينَ 58 ) [الأنفال: 58]

«Ҳамоно Аллоҳ хиёнаткоронро дӯст намедорад».

Ва ин ахлоқи мӯмини содиқ ва хайрхоҳ нест, зеро Расули Аллоҳ (с) мефармоянд:

«الْمُؤْمِنُ مَنْ أَمِنَهُ النَّاسُ عَلَى أَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ». (ترمذی ونسائی).

«Мӯмин касест, ки мардум ӯро бар ҷону моли худ амонатдор бидонанд». (Тирмизӣ ва Насойи).

Ҳамчунин «хоин дар амонат» аз мунофиқоне аст, ки дорои нифоқи рафторӣ ҳастанд, зеро Расули Акрам (с) мефармояд:

«مِنْ عَلَامَاتِ الْمُنَافِقِ ثَلَاثَةٌ: إِذَا حَدَّثَ كَذَبَ، وَإِذَا وَعَدَ أَخْلَفَ، وَإِذَا اؤْتُمِنَ خَانَ». (بخاری ومسلم).

«Нишонаҳои мунофиқ се чиз аст: агар сухан гуяд, дурӯғ мегӯяд ва ҳангоме, ки ваъда диҳад, хилоф кунад ва ҳангоме, ки амонатдор шумурда шуд, хиёнат кунад». (Бухорӣ ва Муслим).

Пас эй бандагони Аллоҳ! Амонатдор бошед ва хиёнат накунед, хосатан дар ин замон, ки дунёи мо, майдоне шудааст барои хостаҳои нафсонӣ ва баръакс шудани мафоҳим ва ба сабаби ҳамин мафоҳими иштибоҳ ва нодуруст, хоин дар амонат аст ва маҷол барои инсонҳои амонатдор танг шудааст ва рост фармуданд Расули Аллоҳ (с), ки:

«وَالَّذِي نَفْسِي بِيَدِهِ، لَا تَقُومُ السَّاعَةُ َحَتَّى يُؤْتَمَنَ الْخَائِنُ، وَيُخَوَّنَ الْأَمِينُ» (مستدرک حاکم)

«Қасам ба зоте, ки ҷонам дар дасти ӯст! Қиёмат ба по намешавад, то он ки амин хоин шумурда шуда ва хоин амин дониста шавад...». (Мустадраки Ҳокис).

Аллоҳи мутаъол мову шуморо аз фитнаҳои охири замон ҳифз намояд.

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه:

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم فصلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين.

اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم.

اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين.

اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.

عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.